Тафсири Сураи Фуркон Ояти 75 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фурқон Ояти 75
اُولٰٓٮِٕكَ يُجۡزَوۡنَ الۡغُرۡفَةَ بِمَا صَبَرُوۡا وَيُلَقَّوۡنَ فِيۡهَا تَحِيَّةً وَّسَلٰمًا ٧٥
Улаика юҷзавна-л-ғурфата би ма сабару ва юлаққавна фӣҳа таҳийята-в ва салама. 75.
75. Он ҷамоъатро, ба хотири он ки сабр карданд, мақоми баланд подош дода шавад, дар он ҷо бо дуъои хайру салом бархурдор карда шаванд.
Албатта, ба он сифатҳое, ки аз ояти 63-юм то 74-ум баён гаштанд, шахсоне соҳиб мегарданд, ки сабр дошта бошанд. Ҳоло Худованд дар ин оят подоши онҳоро баён карда, бо ишора гуфтааст, ки онҳо касоне ҳастанд, ки ба онҳо дар баробари сабру тоқаташон дараҷаҳои олии биҳиштӣ подош дода мешавад. Зеро чунин шахсон дар дунё дар одобу ахлоқ ва дар дину диёнатдорӣ пешсафи мардумон буданд, дар Биҳишт низ дараҷаҳои олиро нисбатан соҳиб мешаванд. Чун бандагони хоси маҳбуби Раҳмон мехоҳанд дохили Ҷаннат шаванд, дар аввал аз тарафи Парвардигор (чуноне ки дар сураи «Ёсин», ояти 58-ум, сураи «Юнус (а)» ояти 23-24-ум гузашт), аз тарафи фариштагон бо таҳиёту салом рӯ ба рӯ мешаванд. Яъне аз ҳар даре, ки фариштагон дохили ғурфаи онҳо шаванд, дуруду шодбош ба онҳо расонда, ба онҳо мегӯянд, ки салом бод бар шумо, ин мақоми олидараҷаи Биҳишт ва барои шумо ин мақом муборак бод. Дар ояти зер сифати Ҷаннат баён шудааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «