Сураи Фурқон Ояти 77 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуркон Ояти 77 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фурқон Ояти 77

قُلۡ مَا يَعۡبَـؤُا بِكُمۡ رَبِّىۡ لَوۡلَا دُعَآؤُكُمۡ‌ۚ فَقَدۡ كَذَّبۡتُمۡ فَسَوۡفَ يَكُوۡنُ لِزَامًا ٧٧

Қул ма яъбау бикум Раббӣ лав ла дуъаукум фақад каззабтум фа савфа якуну лизама. 77.

77. Бигӯ: «Агар ибодати шумо набошад, Парвардигори ман ба шумо парвое намекунад, ҳаройина, шумо рисолати осмониро дурӯғ пиндоштед, албатта, ҷазои он барои шумо зуд лозим хоҳад шуд».

Ояти мазкур, охирин ояти сураи «Фурқон» буда, ба ояти аввали сари ҳамин сура иртиботи зич дорад. Зеро дар ҷузъи охири он ба Пайғамбар (с) амр шуда буд, ки ӯ (с) барои оламиён ҳушдордиҳанда аст. Ҳоло дар ин оят ҳам, Худованд Ҳабиби худ (с)-ро фармудааст, ки ба онҳо (кофирону мушрикон) бигӯ, ки агар дуъои шумо ҳангоми мушкилот набошад, шумо назди Парвардигор ҳеҷ арзише надоред. (Агарчи Худованд ба дуъову имону парастиши махлуқони Худ муҳтоҷ нест, локин иҷрои амри Худованд ба фоидаи инсон аст). Яъне Худованд фармон додааст, ки Ӯро бешарик бипарастед. Пӯшида нест, ки шумо ягонагии Худовандро бовар накарда, ба парастиши чизҳои дигар даст мезанеду оятҳои моро масхара мекунед. Бидонед, ки ҷазои дурӯғҳое, ки шумо мегӯед, чи дар дунё ва чи дар қиёмат, қатъиян домани шуморо хоҳад гирифт. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фурқон Ояти 76 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Шуъаро – Тафсири Осонбаён (Қуръон)