Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фуссилат Ояти 14
اِذۡ جَآءَتۡهُمُ الرُّسُلُ مِنۡۢ بَيۡنِ اَيۡدِيۡهِمۡ وَمِنۡ خَلۡفِهِمۡ اَلَّا تَعۡبُدُوۡۤا اِلَّا اللّٰهَؕ قَالُوۡا لَوۡ شَآءَ رَبُّنَا لَاَنۡزَلَ مَلٰٓٮِٕكَةً فَاِنَّا بِمَاۤ اُرۡسِلۡتُمۡ بِهٖ كٰفِرُوۡنَ ١٤
Из ҷаатҳуму-р-русулу мин байни айдӣҳим ва мин халфиҳим алла таъбуду иллаллоҳ. Қолу лав шаа Раббуна ла анзала малаикатан фа инна би ма урсилтум биҳӣ кафирун. 14.
14. Чун ба онҳо пайғамбарон аз пеши онҳо ва аз паси онҳо омаданд, гуфтанд, ки «ибодат накунед, магар Аллоҳро», гуфтанд: «Агар Парвардигори мо мехост, албатта фариштагонро фурӯ мефиристод. Пас, ҳаройина, мо ба он чӣ шумо ҳамроҳи он фиристода шудаед, имон намеорем».
Чун ба сӯйи онҳо (Қавмҳои Од ва Самуд) аз ҳар ҷониб пайғамбарон омада, бо кӯшиши тамом ба ҳидояташон пардохтанд, он Қавмҳои саркаш ба ҷуз аз рӯйгардонӣ дигар амалеро анҷом надоданд. Ба расулоне, ки аз миёни онҳо интихоб мешуданд ё пайғамбароне, ки аз дигар ҷойи барои даъват наздашон меомаданд ба онҳо мегуфтанд, ки ғайри Аллоҳ ҳеҷ чиз лоиқи ибодат нест, шумо ба ҷуз Аллоҳи ягона дигар чизро ибодат накунед, он Қавмҳои саркаш ба ҷои ин ки ба роҳи ҳидояти пайғамбарон раванд, баръакс, дар ҷавоб мегуфтанд, ки моро ба ҳоли худ гузоред. Агар он чӣ мегӯед рост бошаду Аллоҳ чунин ирода дошта бошад ва омадани пайғамбар зарур бошад, пас онро аз ҷинси фаришта интихоб намуда мефиристод, на мисли шумо аз миёни башар. Шумо моро ба ёваҳои худ овора макунед, биравед мо ба шумо бовар надорем. Шумо мисли мо як инсон ҳастед. Чӣ чизи зиёдати доштаед, ки Аллоҳ шуморо расул интихоб намуду моро не?
Хулоса, онҳо ба ҳеҷ як пайғамбар тобеъ намешуданд, роҳи ҳидоятро Қабул намекарданд ва ҳамчунон то расидани азоб дар куфрашон боқӣ мемонданд.
Қиссаи муқобилият нишон додани Қавмҳои саркаш дар баробари пайғамбарон, дар ояти зер идома дорад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «