Сураи Фуссилат Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фуссилат Ояти 15

فَاَمَّا عَادٌ فَاسۡتَكۡبَرُوۡا فِى الۡاَرۡضِ بِغَيۡرِ الۡحَقِّ وَقَالُوۡا مَنۡ اَشَدُّ مِنَّا قُوَّةً ‌ؕ اَوَلَمۡ يَرَوۡا اَنَّ اللّٰهَ الَّذِىۡ خَلَقَهُمۡ هُوَ اَشَدُّ مِنۡهُمۡ قُوَّةً ؕ وَكَانُوۡا بِاٰيٰتِنَا يَجۡحَدُوۡنَ‏ ١٥

Фа амма Ъадун фастакбару фи-л арЗи би ғайри-л-ҳаққи ва Қолу ман ашадду минна Қувваҳ. А-ва лам ярав анналлоҳа-л-лазӣ халақаҳум Ҳува ашадду минҳум Қувваҳ. Ва кану би айатина яҷҳадун. 15.

15. Аммо Қавми Од дар рӯи Замин ба ноҳақ такаббурӣ карданд ва гуфтанд: «Кист аз мо дар Қувват зиёдтар?». Оё надиданд (надонистанд), ки албатта, Аллоҳ чунон Зотест, ки онҳоро биёфарид, дар Қувват бар онҳо зиёдтар аст? Ва онҳо муъҷизаҳои моро инкор мекарданд.

Дар зимни ояти карима ва оятҳои баъдӣ он чӣ аз сари Қавми Од ва Самуд гузашт, бо услуби хоси ин сура, иншоаллоҳ, баён мегардад. Шумо хонандаҳои гиромӣ, аз шарҳи оятҳои пораҳои гузашта нисбати Қавми Оду Самуд огоҳӣ доред. Аллоҳ таъоло ба Қавми Од дар ҳақиқат ҳам Қуввату тавоноиро арзонӣ дошта буд. Аз ин рӯ онҳо нисбат ба расули Худо Ҳуд (а) ҳаволабаландӣ намуда, ба кибр худро аз расули Худо ва пайравони роҳи ҳақ боло шумориданд. Ҷои ин ки ба ин неъмату Қуввати атонамудаи Аллоҳ таъоло шукр варзида, онро дар ибодати маъбуди ягона сарф созанд, баръакс ба он мағрур гардида, гумроҳ гаштанд. Яъне, ҳангоме ки ҳазрати Ҳуд (а) онҳоро аз азоби муқарраркардаи Аллоҳ таъоло тарсонид, онҳо зӯрии худро далел оварда, гуфтанд, ки бо ин Қуввате, ки мо дорем ҳеҷ азобе бар мо пирӯз нахоҳад шуд. Мо аз худ боварӣ дорем, метавонем бо нерумандии худ он азоберо, ки ту мегӯӣ, бе ҳеҷ мушкилӣ аз худ дафъ созем!

Дар давоми оят Аллоҳ таъоло мефармояд, оё Қавми Од намедонанд, Зоте, ки муқобили он мубориза мебаранд, аз онҳо дар Қувват зиёдтар аст? Оё онҳо надиданд, ки ҳамон Зоти бузург онҳоро ва ҷамиъи махлуқоту коинотро офаридааст ва Ӯ дар неру аз онҳо дида сахтгиртар аст? Ғафлати онҳо то андозае буд, ки ҳатто муъҷизаҳои илоҳиро инкор намуданд, ба гумроҳӣ даст зада, нахостанд аз он берун биёянд. Дар охир, чуноне ки дар ояти зер мефармояд, гирифтори бало гаштанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фуссилат Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фуссилат Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)