Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фуссилат Ояти 20
حَتّٰٓى اِذَا مَا جَآءُوۡهَا شَهِدَ عَلَيۡهِمۡ سَمۡعُهُمۡ وَاَبۡصَارُهُمۡ وَجُلُوۡدُهُمۡ بِمَا كَانُوۡا يَعۡمَلُوۡنَ ٢٠
Ҳатта иза ма ҷауҳа шаҳида ъалайҳим самъуҳум ва абсаруҳум ва ҷулудуҳум би ма кану яъмалун. 20.
20. То вақте ки наздики Дӯзах биёянд, бар онҳо гӯши онҳо ва чашмҳои онҳо ва пӯстҳои онҳо ба он чӣ (дар дунё) карданд, гувоҳӣ медиҳанд.
Ай мухотаб ё ай мушрикон, ба ёд биёред он рӯзеро, ки тамоми гурӯҳҳои гунаҳкору душманони Худо барангехта мешаванду ба сӯйи Ҷаҳаннам ронда мешаванд, лаҳзае аз сӯйи хозинон (посбонон)-и Ҷаҳаннам таваққуф ба амал меояд, то аввалу охири гурӯҳ ба ҳам ҷамъ оянд. Баъди ин ки ба Дӯзах наздик мешаванд, дар маърази ҳисоби амалҳои дар дунё доштаашон Қарор мегиранд. Дар назди Дӯзах онҳо барои аз азоби Ҷаҳаннам раҳоӣ ёфтан, амалҳои дар дунё кардаашонро инкор мекунанд, локин аъзои бадани онҳо, аз ҷумла гӯшу чашми онҳо ба ҳама шуғле, ки дар дунё доштанд, шоҳидӣ медиҳанд. Масалан, чашм мегӯяд: “Ба воситаи ман оятҳои Қуръонро дид, аломатҳои оламро, ки далолат ба ваҳдонияти Аллоҳ таъоло мекарданд назорат намуд, вале ба он чӣ дид, амал накард”. Ва гӯш мегӯяд: “Бо василаи мо оятҳои Қуръонро шунид ва даъвати пайғамбарро гӯш кард, вале ба он чӣ шунид, бовар накарду амал нанамуд”.
Хулоса, ҳар як узв шоҳидӣ дода, дурӯғгӯй будани соҳиби худро ошкор месозад. Худованд бар ҳама кор Қодир аст.
Агар ба инсон ва аъзояш имконият дода шавад, то байни худашон мунозира кунанд, он гоҳ чунин моҷаро мушоҳида мешавад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «