Сураи Фуссилат Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фуссилат Ояти 21

وَقَالُوۡا لِجُلُوۡدِهِمۡ لِمَ شَهِدْتُّمۡ عَلَيۡنَا‌ ؕ قَالُوۡۤا اَنۡطَقَنَا اللّٰهُ الَّذِىۡۤ اَنۡطَقَ كُلَّ شَىۡءٍ وَّهُوَ خَلَقَكُمۡ اَوَّلَ مَرَّةٍ وَّاِلَيۡهِ تُرۡجَعُوۡنَ ٢١

Ва Қолу ли ҷулудиҳим ли ма шаҳиттум ъалайна. Қолу антақаналлоҳу-л-лази антақа кулла шай-и-в ва Ҳува халақакум аввала маррати-в ва илайҳи турҷаъун. 21.

21. Ва барои пӯстҳои худ (ё барои ҷамеъи аъзои худ) гӯянд: «Чаро бар зидди мо гувоҳӣ додед?». Гӯянд: «Он Аллоҳе, ки ҳар чизро гӯё сохтааст ва Ӯ шуморо аввалин бор (дар ҳоле, ки чизе набудед) биёфарид ва ба сӯи Ӯ баргардонида мешавед, моро гӯё кард.

Яъне он гурӯҳҳои ба Дӯзах наздикшуда имконият ёфта, аз рӯйи тааҷҷуб ва сарзаниш ба аъзои худ мегӯянд, ки охир мову шумо дар як пайкар Қарор доштем, бо ҳам мезистему якҷоя ҳама корҳоро анҷом медодем. Мо талош дорем, то корҳои дар дунё кардаи хешро инкор намоем, пас чаро имрӯз душмани мо шуда, ба зарари мо гувоҳӣ медиҳед? Дар посухи эътирози онҳо аъзоҳояшон узр мегӯянд, ки ин кор аз рӯи ихтиёри мо нест, Аллоҳ таъоло барои ба сухан даровардани ҳайвону инсон ва ғайра Қодир аст. Моро бо Қудрати Худ дар сухан даровард. Мо ба ғайр аз тамоми ҳақиқатро баён намудан, дигар илоҷе надоштем. Магар метавонем назди Холиқи худ дурӯғро ба забон биёрем? Ҳол он ки Ӯ таъоло чунин Зотест, ки шумо ва тамоми ашёро аз адам (нестӣ) ба олами ҳастӣ овард, ба онҳо ҳаёт бахшид ва ҳар якеро шуғле муайян намуд. Пас, оё Ӯ Қодир нест он чӣ худ халқ кардааст, боз онро комилтар бисозад? Моро ҳам барои иҷрои вазифаҳои мухталиф дар пайкари инсон биёфарид ва боз имрӯз моро ба сухан даровард. Вақто ки бозгашти охири шумо ва тамоми махлуқот ба сӯйи Аллоҳ таъолост, ба ғайри ҳақиқатро гуфтан дигар роҳе намондааст…


Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фуссилат Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фуссилат Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)