Сураи Фуссилат Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фуссилат Ояти 26

وَقَالَ الَّذِيۡنَ كَفَرُوۡا لَا تَسۡمَعُوۡا لِهٰذَا الۡقُرۡاٰنِ وَالۡغَوۡا فِيۡهِ لَعَلَّكُمۡ تَغۡلِبُوۡنَ ٢٦

Ва Қола-л-лазӣна кафару ла тасмаъу ли ҳаза-л-Қурани ва-л-ғав фӣҳи лаъаллакум тағлибун. 26.

26. Ва ононе ки кофир шуданд, гуфтанд: «Ба ин Қуръон гӯш надиҳед ва (дар ҳолати хондани он) сухани беҳуда гӯед, шояд шумо ғолиб шавед».

Аллоҳ таъоло дар ин оят аз пиндори мушрикони Қурайш, дар боби Қироати Қуръон иттилоъ медиҳад. Ин ақида собит аст, ки тиловати оятҳои Қуръон ё шунидани овози Қуръонхон ба рӯҳу ақли инсон таъсири хуб мебахшад. Мушрикони Қурайш барои пешгирӣ аз рӯй додани ин ҳолатҳо тадбирҳо меандешиданд. Онҳо миёни худ машварат оростанд, ки ҳар гоҳе Муҳаммад (с) Қуръон хонад, ӯро гӯш надиҳанд, баръакс дар ин ҳангом доду фарёд бароварда, ҳаёҳуй кунанд, то бошад, ки овози ӯро мардум нашунаванд ва зери таъсири оятҳои Қуръон Қарор нагиранд.

Локин чунин тадбирҳои беҳуда барои аз байн бурдани таъсири Китоби осмонӣ, ки ҳар замон вуҷуд дорад, натиҷаи дилхоҳ надоду намедиҳад. Бадхоҳони китоби Худо ба мақсади ғаразу нопоки худ нарасидаанд ва дар оянда ҳам, нахоҳанд расид.

Ибни Аббос (р) мегӯянд: “Он шахси машваратдиҳанда Абӯҷаҳл буд, ки гуфт: “Ҳар вақто Муҳаммад ба хондани Қуръон машғул гардад, рӯ ба рӯи ӯ чунон овоз баланд кунед, ки худи ӯ чӣ хонданашро сарфаҳм наравад”. Дар ҳақиқат чунин ҳам карданд”.

Дар бораи азобе, ки барои чунин бадбахтони дини ростин муқаррар шудааст, аз ояти зер, иншоаллоҳ, маълумот пайдо мекунем:


Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фуссилат Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фуссилат Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)