Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фуссилат Ояти 25
۞ وَقَيَّضۡنَا لَهُمۡ قُرَنَآءَ فَزَيَّنُوۡا لَهُمۡ مَّا بَيۡنَ اَيۡدِيۡهِمۡ وَمَا خَلۡفَهُمۡ وَحَقَّ عَلَيۡهِمُ الۡقَوۡلُ فِىۡۤ اُمَمٍ قَدۡ خَلَتۡ مِنۡ قَبۡلِهِمۡ مِّنَ الۡجِنِّ وَالۡاِنۡسِۚ اِنَّهُمۡ كَانُوۡا خٰسِرِيۡنَ ٢٥
۞ Ва ҚайяЗна лаҳум Қуранаа фазайяну лаҳум-м ма байна айдӣҳим ва ма халфаҳум ва ҳаққа ъалайҳиму-л-Қавлу фи умамин Қад халат мин Қаблиҳим-м мина-л-ҷинни ва-л-инс. Иннаҳум кану хосирӣн. 25.
25. Ва барои онҳо ҳамнишинон гумоштем, пас, шайтонҳо барои онҳо он чӣ пеши рӯи онҳо аст ва он чӣ паси пушти онҳост, ороста карданд. Ва барои умматоне, ки пеш аз онҳо аз ҷин ва инсон гузаштаанд, сухани азоб собит шуд. Батаҳқиқ, онҳо аз зиёнкорон буданд.
Аллоҳ таъоло дар ин оят фармудааст, ки барои кофирон ва инсонҳои саркаш аз ҷинси шайтону инсонҳои шайтонсифат ҳамнишинони бадпешаро гумоштем. Ин гумоштаҳо амалҳои бади содиршуда ва содиршавандаи онҳоро дар назарашон хуб ҷилва медоданд. Ин сабаб шуд, ки онҳо ба гуфтаҳои Аллоҳ таъоло итоат накарданд, балки фиреб хӯрда, бо ихтиёри худ васвасаҳои шайтон ва шайтонсифатонро Қабул намуда аз гуноҳҳои кардаи худ розӣ ҳам буданд. Гузашта аз ин, бо амалҳои худ ифтихор дошта, худро эҳсонкор ҳам мепиндоштанд. Дар гузашта ба сари ин гуна инсонҳои саркаш ва гунаҳкор азобҳои гуногун фурӯ афтода, онҳоро ҳалок сохта буд. Акнун ногузир барои инҳо ҳам, он гуна азобҳо фурӯ хоҳад омад. Зеро онҳо аз ҷумлаи зиёнкорони дунёву охират буда, ба чунин азоби абадӣ сазовор буданд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «