Сураи Фуссилат Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фуссилат Ояти 34

وَلَا تَسۡتَوِى الۡحَسَنَةُ وَ لَا السَّيِّئَةُ ؕ اِدۡفَعۡ بِالَّتِىۡ هِىَ اَحۡسَنُ فَاِذَا الَّذِىۡ بَيۡنَكَ وَبَيۡنَهٗ عَدَاوَةٌ كَاَنَّهٗ وَلِىٌّ حَمِيۡمٌ ٣٤

Ва ла тастави-л ҳасанату ва ла-с-саййиаҳ. Идфаъ би-л-латӣ ҳия аҳсану фа иза-л-лазӣ байнака ва байнаҳу ъадаватун ка аннаҳу валийюн ҳамӣм. 34.

34. Ва некӣ ва бадӣ баробар нест, бадиро ба он чӣ, ки беҳтар аст, посух деҳ, ки онгоҳ он касе ки миёни ту ва миёни ӯ душманӣ аст, гӯё, ки дӯсти Қариб гардидааст.

Ин оят барои муъминон дастури хубест, бахосса барои он муъминҳое, ки зикрашон гузашт. Яъне нафароне, ки мардумро ба сӯйи Аллоҳ даъват мекунанд, бояд дорои ахлоқи хубу ҳамида бошанд. Зеро некӣ дар муқобили бадӣ ва бадӣ дар муқобили некӣ якхела нест. Ҳар яке аз инҳо таъсири худро дорад. Ҳатто байни ду некӣ ва ё байни ду бадӣ фарқият вуҷуд дорад ва дар охир ҳар яке ҷазои ба худ мувофиқ хоҳанд гирифт. Бинобар ин, дар давоми оят омада, ки ҳар кори бадеро рӯ ба рӯ омадӣ, бо хислати некӯ ба он муқобила кун. Масалан, ғазабро метавон бо сабр фурӯ нишонд, ҷаҳлро бо ҳилм, бадиро бо авфу бахшиш ҷавоб гуфт. Ибни Аббос (р) мегуяд: “Ҳар шахсе ба ту ҷаҳл мекунад, бо ҳалимии худ онро дафъ соз”.

Аммо дар муқобили шахсоне, ки табиаташон бадафъолӣ аст, сухани алоҳида омадааст, зеро онҳо сухани нармро (аз рӯи ҷаҳл) намефаҳманд.

Хулоса, шахсоне, ки дар роҳи Аллоҳ ба даъвати мардум сару кор доранд, ба ахлоқи ҳамида ниёз доранд. Чунин маъноро муаллифони “Тафсири Кашоф”, “Тафсири Қуртубӣ” тасдиқ мекунанд, ҳоҷат ба такрор нест. Агар инсон ба ин дастур амал намояд, иншоаллоҳ, имкон дорад дар миёни афроди бо ҳам муқобил оштӣ андозад ва дӯстиву рафоқатро ба миён оварад. Ин мазмунро сураи “Мумтаҳина” низ таъкид мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фуссилат Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фуссилат Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)