Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фуссилат Ояти 35
وَمَا يُلَقّٰٮهَاۤ اِلَّا الَّذِيۡنَ صَبَرُوۡاۚ وَمَا يُلَقّٰٮهَاۤ اِلَّا ذُوۡ حَظٍّ عَظِيۡمٍ ٣٥
Ва ма юлаққаҳа илла-л лазӣна сабару ва ма юлаққаҳа илла зу ҳаззин ъазӣм. 35.
35. Ва ин хислат дода намешавад, магар ононеро, ки сабр карданд. Ва аз ин хислат ҳар киро бархурдор карда намешавад, магар соҳиби ҳиссаи бузургро.
Фурӯ бурдани хашм боиси коҳиш ёфтани нафси инсон аст, бинобар ин сабрро пеша кардан кори саҳл нест. Ин одат ҳар касро ҳам муяссар нест. Локин онҳое ба ин сифат муваффақ мегарданд, ки ба муқобили нафси худ набард эълон кардаанд ва онро тобеъи худ сохтаанду эҳсосоти худро идора карда метавонанд. Агар чунин хислатҳои ҳамидаро Аллоҳ таъоло ба касе аз бандагони Худ лоиқ дида бошад, ин ба некбахтии онҳо далолат мекунад. Чунин шахсон насибаҳо ва баҳраҳои бузургеро аз имон соҳиб мебошанд. Албатта, хушахлоқӣ ба инсон таъсири хубе мерасонад, локин на ҳама душманро бо нишон додани сабру нармӣ ва некӯахлоқӣ метавон ба ифоқа овард. Бо чунин афрод бояд чӣ гуна муомила пеш гирифта шавад? Дар оятҳои баъдӣ, иншоаллоҳ, посухи онро хоҳем ёфт.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «