Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фуссилат Ояти 38
فَاِنِ اسۡتَكۡبَرُوۡا فَالَّذِيۡنَ عِنۡدَ رَبِّكَ يُسَبِّحُوۡنَ لَهٗ بِالَّيۡلِ وَالنَّهَارِ وَهُمۡ لَا يَسۡـَٔـمُوۡنَ ۩ ٣٨
Фа инистакбару фа-л лазӣна ъинда Раббика юсаббиҳуна лаҳу биллайли ва-н-наҳари ва ҳум ла яс-амун. 38.
38. Пас, агар (иддае) такаббурӣ кунанд (чӣ бок!). Пас, ононе ки назди Парвардигори туянд, шабу рӯз Ӯро тасбеҳ мегӯянд ва онҳо монда намешаванд.
Ҳар чӣ дар ин дунё ҳаст, ҳама офаридаи Парвардигор аст. Барои инсони муъмин мавҷудияти махлуқҳо оид ба мавҷудияти Худованди ягона нишона ва далелҳои Қатъиянд. Аз ин рӯ инсони соҳибхирад ба хулоса меояд, ки фақат Аллоҳ таъоло сазовори ибодат аст. Локин афсӯс, баъзе инсонҳо пеши Офаридгор сари таъзим фуруд наоварда, кибру ғурур варзида, ҳаргиз сари худро ба саҷда намегузоранд. Ё гузоранд ҳам, холисона нест. Чунин тоифа бояд бидонанд, ки мулки Аллоҳ таъоло ниҳоят бузург аст. Махлуқоти Ӯ бениҳоят бисёр аст. Саҷда накардани чунин тоифаи кибрпеша, на дар мулки Ӯ таъоло хасорате мерасонад ва на ибодат кардани дигар махлуқоти Аллоҳ таъоло фоидаи ворид месозад. Давоми оят хитоб ба Расулуллоҳ (с) аст, ки он кибру ғурурпешагон ибодати Аллоҳи ягонаро накунанд ҳам, ғайри онҳо ризои Аллоҳро ҷуста ибодату вазифаҳои худро иҷро мекардагӣ махлуқот ниҳоят бисёранд. Ба хусус фариштаҳои аброри (поккор) назди Парвардигор, ки онҳо аз гуноҳ пок бошанд ҳам, ҳаргиз кибр наварзида, шабу рӯз ба ибодати Аллоҳи ягона ва ба гуфтани тасбеҳу таҳлили Ӯ машғуланд ва ҳеҷ гоҳ монда ва дилгир намешаванд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «