Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фуссилат Ояти 39
وَمِنۡ اٰيٰتِهٖۤ اَنَّكَ تَرَى الۡاَرۡضَ خَاشِعَةً فَاِذَاۤ اَنۡزَلۡنَا عَلَيۡهَا الۡمَآءَ اهۡتَزَّتۡ وَرَبَتۡؕ اِنَّ الَّذِىۡۤ اَحۡيَاهَا لَمُحۡىِ الۡمَوۡتٰى ؕ اِنَّهٗ عَلٰى كُلِّ شَىۡءٍ قَدِيۡرٌ ٣٩
Ва мин айатиҳи аннака тара-л-арЗа хашиъатан фа иза анзална ъалайҳа-л мааҳтаззат ва рабат. Инна-л лази аҳйаҳа ламуҳйи-л-мавта. Иннаҳу ъала кулли шай-ин Қадӣр. 39.
39. Ва аз ҷумлаи нишонаҳои Ӯ таъоло ин аст, ки ту Заминро фарсуда ва хушк мебинӣ, пас, чун бар он обро фуруд орем, ба ҷунбиш ояду баланд шавад. Ҳаройина, Оне, ки Заминро зинда гардонидааст, албатта, зиндакунандаи мурдагон аст, ҳаройина Ӯ ба ҳама чиз тавоност.
Яке аз аломатҳои далелшаванда ба ваҳдонияти (ягонагии) Аллоҳ таъоло ва камоли Қудрати Ӯ ин аст, ки чун бар замини хушку афсурдаи бегиёҳ борон фуруд ояд, замин нармгашта дар ҳаракат даромада, дар он гиёҳҳо бо рангу таъму бӯи гуногун мерӯянд.
Аз замини хушк рӯёнад гиёҳ,
Осмонро бе сутун дорад нигоҳ.
(Шайх Аттори валӣ)
Вақто ки Аллоҳ таъоло ба чунин кор Қодир аст, дар зинда гардонидани мурдагон ва аз Қабр хезонидани онҳо рӯзи Қиёмат барои ҳисобу подошу ҷазо, албатта, Қодир аст. Ҳар якеро дар ивази амале, ки дар дунё анҷом дода буд, подоши арзанда медиҳад. Зеро Ӯ таъоло бар ҳама кор Қодир аст, ҳеҷ чиз Ӯро оҷиз гардонида наметавонад. Оятҳои зерин барои шахсоне, ки оятҳои ошкоро бар вуҷуду ягонагии Аллоҳ таъоло далолаткунандаро нодида мегиранду худро мулҳид (бедин) месозанд, таҳдид аст. Инак ояти навбатӣ.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «