Сураи Фуссилат Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фуссилат Ояти 37

وَمِنۡ اٰيٰتِهِ الَّيۡلُ وَالنَّهَارُ وَالشَّمۡسُ وَالۡقَمَرُ‌ؕ لَا تَسۡجُدُوۡا لِلشَّمۡسِ وَلَا لِلۡقَمَرِ وَاسۡجُدُوۡا لِلّٰهِ الَّذِىۡ خَلَقَهُنَّ اِنۡ كُنۡتُمۡ اِيَّاهُ تَعۡبُدُوۡنَ ٣٧

Ва мин айатиҳи-л-лайлу ва-н-наҳару ва-ш-шамсу ва-л-Қамар. Ла тасҷуду ли-ш-шамси ва ла лил Қамари васҷуду лиллаҳи-л-лазӣ халақаҳунна ин кунтум иййаҳу таъбудун. 37.

37. Ва агар хос Ӯро ибодат мекарда бошед, шабу рӯз ва Офтобу Моҳтоб аз далоили Қудрати Ӯст. Офтобу Моҳро саҷда макунед ва Аллоҳро саҷда кунед, ки ин чизҳоро офарид.

Зимни ояти мазкур Аллоҳ таъоло якчанд далелҳоеро, ки Қудрату ваҳдонияти Аллоҳ таъолоро тасдиқ мекунанд, зикр намудааст. Аз он ҷумла, бо тартибу низом ва дақиқ пайи ҳам омадани шабу рӯз, ҳаракати дақиқи Офтоб ва Маҳтоб мувофиқи Қонунҳои аз тарафи Худованд андоза (муайян) шуда дар фалак ва ғайра. Офтоб ва Маҳтоб ҷирмҳоеанд, ки барои зиндагии мардум ва ҷамиъи махлуқот манфиати зиёде доранд. Он чӣ зикр шуд, (яъне Офтоб ва Маҳтоб) махлуқи (офаридаи) Парвардигоранд. Бинобар ин, Ӯ таъоло фармудааст, ки ай инсонҳо, ба махлуқи Худованд саҷда мекунеду мушрик мешавед? Ибодати муштарак мақбул нест. Аллоҳ таъоло мушриконро намебахшад. Саҷда танҳо ба Холиқи тамоми махлуқот равост. Агар ибодат карданиед, фақат холис Аллоҳи ягонаро саҷда кунед.

Баъди хондани ояти 37-ум бар хонанда ва шунаванда як саҷда лозим мегардад ва иҷрои он воҷиб аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фуссилат Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фуссилат Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)