Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фуссилат Ояти 40
اِنَّ الَّذِيۡنَ يُلۡحِدُوۡنَ فِىۡۤ اٰيٰتِنَا لَا يَخۡفَوۡنَ عَلَيۡنَا ؕ اَفَمَنۡ يُّلۡقٰى فِى النَّارِ خَيۡرٌ اَمۡ مَّنۡ يَّاۡتِىۡۤ اٰمِنًا يَّوۡمَ الۡقِيٰمَةِ ؕ اِعۡمَلُوۡا مَا شِئۡتُمۡ ۙ اِنَّهٗ بِمَا تَعۡمَلُوۡنَ بَصِيۡرٌ ٤٠
Инна-л-лазӣна юлҳидуна фи айатина ла яхфавна ъалайна. А-фа май юлқа фи-н-нари хайрун амм май яъти амина-й явма-л Қийамаҳ. Иъмалу ма шиътум иннаҳу би ма таъмалуна Басӣр. 40.
40. Батаҳқиқ, ононе ки дар оятҳои Мо каҷрафторӣ мекунанд, бар Мо пӯшида нестанд. Оё касе, ки дар оташ андохта шавад, беҳтар аст ё он, ки дар рӯзи Қиёмат бе ҳеҷ ваҳшате биёяд? Ҳар чӣ хоҳед бикунед, албатта, ба он чӣ мекунед, Аллоҳ биност!
Дар ояти мазкур барои онҳое, ки ба оятҳои Қуръон айб мегиранд, ё онро барои ғаразу мақсадҳои худ ё шахси дигар тағйир медиҳанд ё онҳоро дурӯғ мешуморанд, ё инкор мекунанд, ҳам ваъид (ваъдаи ҷазо) аст ва ҳам таҳдид. Яъне Аллоҳ таъоло каҷрафторонро ҳушдор медиҳад, ки ҳар он амале, ки ин тоифа инсонҳо дар шаъни оятҳои мо мекунанду мегӯянд, ҳеҷ яке аз назари мо пинҳон нахоҳад монд. Ҷазои чунин шахсон маълум аст. Дар давоми оят Аллоҳ таъоло мефармояд, ки оё шахсе, ки ҳурмати китоби Худоро ба ҷо наовард, ӯро ба Ҷаҳаннам андохта шуд, метавон ба он бандаи накӯкор, ки дар ивази амалҳои худ аз Ҷаннати амн маъво ёфтааст, баробар гуфт? Бори дигар таъкид мегардад, ки ҳеҷ гоҳ муҷримон (гунаҳкорон) ба муъминони содиқ баробар нестанд. Барои муҷримон ҷазо (оташи) Ҷаҳаннам аст ва барои муъминон подош Биҳишту неъматҳои он, пас чӣ тавр онҳо баробаранд?
Дар давоми оят ба тариқи таҳдид ба каҷрафторон гуфта мешавад, ки ҳақиқати ҳоли шумо маълум аст, акнун дар дунё ҳар чӣ, ки мехоҳед, бикунед ва ҳар чизе гуфтан мехоҳед бигӯед. Локин маълуми шумо бод, ки Аллоҳ таъоло ҳамеша аз рафтору гуфтори шумо бохабару бино аст. Ҳеҷ чиз аз назари Ӯ таъоло пӯшида намемонад. Зуд аст, ки ҷазои амалҳоятонро ба шумо хоҳад дод.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «