Сураи Фуссилат Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фуссилат Ояти 42

لَّا يَاۡتِيۡهِ الۡبَاطِلُ مِنۡۢ بَيۡنِ يَدَيۡهِ وَلَا مِنۡ خَلۡفِهٖ‌ؕ تَنۡزِيۡلٌ مِّنۡ حَكِيۡمٍ حَمِيۡدٍ ٤٢

Ла яътӣҳи-л-батилу мин байни ядайҳи ва ла мин халфиҳӣ танзӣлу-м мин ҳакӣмин ҳамӣд. 42.

42. Ки на аз пеши рӯйи Ӯ ва на аз ақиби Ӯ ҳеҷ ботиле роҳ намеёбад. Аз ҷониби Худои ҳокиму сутуда фиристода шудааст.

Ба таҳқиқ, касоне, ки ба Қуръон, он китоби гиромиқадр, вақте ки аз назди Аллоҳ таъоло барои онҳо нозил шуд, ба насиҳатҳои Ӯ кофир шуданду дурӯғҳо бастанд, аз мадди назари Аллоҳ таъоло пӯшида намемонанд. Зуд аст, ки чунин шахсон ба ҷазое гирифтор шаванд, ки аз тасаввури ақли инсонӣ берун бошад, зеро онҳо китоберо, ки гиромиқадр асту назир надорад ва бо мазмуни баланди худ башарро оҷиз гардонидааст, дидаю дониста инкор кардаанд. Онҳо китоберо инкор намуданд, ки барои ботил сохтани он ҳеҷ гуна асос вуҷуд надошт ва надорад ва ягон ботилкунанда на пеш аз он ва на баъд аз он роҳ намеёбад. Қуръон китобест, ки он аз тарафи мураббии тамоми оламиён фиристода шудааст. Он Худоест дар санъати худ бисёр боҳикмат, дар афъолу шариъати Худ доно ва аз сӯйи махлуқоти Худ бисёр шукр гуфташуда.

Бо ояти зер Аллоҳ таъоло дар муқобили изои кофирон ҳабиби Худ (с)-ро тасаллӣ дода мегӯяд:


Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фуссилат Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фуссилат Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)