Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фуссилат Ояти 43
مَا يُقَالُ لَـكَ اِلَّا مَا قَدۡ قِيۡلَ لِلرُّسُلِ مِنۡ قَبۡلِكَ ؕ اِنَّ رَبَّكَ لَذُوۡ مَغۡفِرَةٍ وَّذُوۡ عِقَابٍ اَلِيۡمٍ ٤٣
Ма юқолу лака илла ма Қад Қӣла ли-р-русули мин Қаблик. Инна Раббака ла зу мағфирати-в ва зу ъиқобин алӣм. 43.
43. Ба ту, (эй Муҳаммад) чизе гуфта намешавад, магар он чиро, ки ба расулони пеш аз ту гуфта шуд. Албатта, Парвардигори ту соҳиби омурзиш ва соҳиби уқубати дарднок аст.
Чуноне ишора рафт, Аллоҳ таъоло ҳабиби Худ (с)-ро бо ин оят тасаллӣ медиҳад, ки ай Муҳаммад (бар ту салавот), рафторе, ки имрӯз душманон ба ту раво мебинанд, айнан кофирони асрҳои гузашта ба пайғамбаронашон ҷоиз медиданд, локин пайғамбаронро ҳамеша одат ин буд, ки ба мардум меҳрубону дилсӯз буданд. Яъне Шумо монанди расулони асрҳои гузашта дар нисбати ҳамзамонони худ меҳрубон бошед, дар муқобили амалҳои ношоистаи онҳо сабр кунед. Мумкин аст баъзе аз онҳо аз роҳи куфр баргашта муъмин шаванд ва аз шумо пайравӣ кунанду Аллоҳ таъоло гуноҳҳояшонро мағфират кунад. Аммо нисбати онҳое, ки дар куфри худ боқӣ мемонанд, Аллоҳ таъоло бисёр сахтгир аст. Ту онҳоро ба мо ҳавола кун. Мо, албатта, дар муқобили он изову аламе, ки ба ту раво диданд, аз онҳо ба сахттарину дардноктарин сурат подош хоҳем ситонид. Зеро онҳо гумроҳшудагонанд. Агар ба ҳар намуд ва забоне, ки мо Қуръонро нозил мекардем, онҳо, албатта, дар нисбати он айбҷӯӣ мекарданд. Ояти зер ҳам, аз ҳамин хусус, иншоаллоҳ, баҳс мекунад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «