Сураи Фуссилат Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фуссилат Ояти 45

وَلَقَدۡ اٰتَيۡنَا مُوۡسَى الۡكِتٰبَ فَاخۡتُلِفَ فِيۡهِ‌ؕ وَلَوۡلَا كَلِمَةٌ سَبَقَتۡ مِنۡ رَّبِّكَ لَـقُضِىَ بَيۡنَهُمۡ‌ؕ وَاِنَّهُمۡ لَفِىۡ شَكٍّ مِّنۡهُ مُرِيۡبٍ ٤٥

Ва лақад атайна Муса-л-китаба фахтулифа фӣҳ. Ва лав ла калиматун сабақат ми-р-Раббика ла ҚуЗия байнаҳум. Ва иннаҳум лафӣ шакки-м минҳу мурӣб. 45.

45. Ва батаҳқиқ, Мӯсоро Китоб додем, пас, дар он ихтилоф карда шуд. Ва агар калимае, ки аз Парвардигори ту собиқан содиршуда намебуд, албатта, дар миёни онҳо файсала карда мешуд. Ва албатта, онҳо аз он дар шакку шубҳаанд.

Қуртубӣ гуфтааст, ки ин оят барои тасаллии пайғамбар Муҳаммад (с) нозил гардидааст. Аллоҳ таъоло хабар додааст, ки ай Пайғамбари мо (с), ихтилофе, ки дар боби Қуръон дар миёни Қавми Ту (с) ба амал омадааст, Ту (с)-ро ғамгин насозад. Зеро дар ҳақиқат пеш аз ту ба Мӯсо (а) китобе бо номи Таврот фиристода будем. Он вақт ҳам байни пайравони Мӯсо (а) ва мухолифони ӯ (а) дар боби Таврот ихтилоф ба вуқӯъ омада буд. Гурӯҳе имон оварданду гурӯҳе бовар надоштанд. Ҳамин гуна ҳолат имрӯз ҳам дар байни Қавми Ту дида мешавад. Агар ҳукми Ӯ таъоло барои ҳисобу чазои бандагон ба рӯзи Қиёмат ба таъхир гузошта намешуд, дар ҳамин дунё мухолифонатро ба ҳалокат мерасонидем. Албатта, ин ҷамоа кофирон аз рӯйи кӯрдилӣ ва тангназарӣ дар изтиробанду пазирои Қуръон нестанд. Гумони ботил шакку шубҳаҳои беасос ва андешаҳои бепояи онҳо намегузорад, ки калимаи ҳақро аз Қуръон бишунаванд. Аллоҳ донотар аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фуссилат Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фуссилат Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)