Сураи Фуссилат Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фуссилат Ояти 44

وَلَوۡ جَعَلۡنٰهُ قُرۡاٰنًا اَعۡجَمِيًّا لَّقَالُوۡا لَوۡلَا فُصِّلَتۡ اٰيٰتُهٗ ؕ ءَاَعۡجَمِىٌّ وَّعَرَبِىٌّ‌ ؕ قُلۡ هُوَ لِلَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا هُدًى وَّشِفَاۗءٌ وَ الَّذِيۡنَ لَا يُؤۡمِنُوۡنَ فِىۡۤ اٰذَانِهِمۡ وَقۡرٌ وَّهُوَ عَلَيۡهِمۡ عَمًى‌ ؕ اُولٰٓٮِٕكَ يُنَادَوۡنَ مِنۡ مَّكَانٍۢ بَعِيۡدٍ ٤٤

Ва лав ҷаъалнаҳу Қуранан аъҷамийя-л ла Қолу лав ла фуссилат айатуҳ. А-ъҷамийю-в ва ъарабийй. Қул ҳува лил лазӣна аману ҳуда-в ва шифаъ. Ва-л-лазӣна ла юъминуна фи азаниҳим вақру-в ва ҳува ъалайҳим ъама. Улаика юнадавна мим маканин баъӣд. 44.

44. Ва агар мехостем, Қуръонро (ба забони) аҷамӣ нозил мекардем, албатта, (кофирони араб) мегуфтанд: «Чаро оятҳои он (ба забони мо) баён карда нашуд?». Оё (Қуръон) аҷамӣ аст ва (мухотаб) арабӣ? Бигӯ: «Он (Қуръон) барои ононе ки имон оварданд, ҳидоят ва шифо аст. Ва барои ононе ки имон намеоваранд, дар гӯшҳояшон гаронӣ аст ва Қуръон барояшон кӯрӣ аст, наметавонанд ҳақро бинанд. Он ҷамоат (чунонанд, ки гӯё) аз ҷои дур овоз дода мешаванд.

Агар инсон сухани ҳақро гӯш кардан нахоҳад, барои радди он баҳонаҳо меҷӯяд. Кофирони Макка бошанд, дар илм ва санъати сухан, чи дар назм ва чи дар наср, дар он замон бисёр пешрафта буданд ва ҳунарашон комил буд. Бо вуҷуди ин дар назди услубу нигориши китоби Худо оҷиз монданд. Зеро ҳеҷ як эҷодкардаи онҳо ба Қуръон баробар шуда наметавонист. Локин аз рӯйи кибру ҳасад боз баҳонаҳоро пеш оварда гуфтанд. Мо муъҷизаи пайғамбари арабиро дар сурате Қабул хоҳем кард, ки Қуръон ба забони ғайри араб нозил шуда бошад. Агар ин шахс пайғамбари Аллоҳ бошад, онро ҳамчун муъҷиза барои мо тарҷумаю эзоҳ бидиҳад. Бинобар ин, дар ояти карима Аллоҳ таъоло мефармояд, ки агар мо Қуръонро, чуноне ки онҳо мегӯянд ба забони аҷамӣ нозил мекардем, боз онҳо баҳона пеш оварда, мегуфтанд, ки модоме ки мухотаб (Пайғамбар) араб аст, чаро китоби барои ӯ нозилшуда ба забони арабӣ нест, то мо онро хонему фаҳмем, ки чӣ мегӯяд? Ин кори аҷиб аст, ки Қуръон ба забони аъҷамӣ асту вале ба мардуми араб фиристода шудааст. Ба ҳар тақдир, дар ҳама сурат онҳо баҳона пеш меоранд. Аз ин ҷо Аллоҳ таъоло дар давоми оят мефармояд, ки ай Муҳаммад (бар ту салавот), ба чунин мардум бигӯ, ки Қуръон барои онон, ки имон овардаанд, ҳам ҳидоят асту ҳам шифои дардҳои рӯҳию ҷисмонӣ. Аммо шахсоне, ки имон намеоранд, гӯё гӯшҳои онҳоро гаронӣ (карӣ) ғалаба кардааст ва чашмҳояшонро пардаи нобиноӣ фаро гирифтааст, ки насиҳатҳои Қуръониро намешунаванд ва муъҷиза будани онро намебинанд. Бинобар ин, рафтори кофирон дар нисбати Қуръон касеро ба ёд меорад, ки ба ӯ аз дур садо карда мешавад, ки ӯ дарк месозад, ки садояш кардаанд, вале фаҳм намекунад, ки соҳиби овоз чӣ мегӯяду чӣ мехоҳад.

Ибни Аббос (р) дар ин мазмун мегӯянд: “Мурод аз овардани ин мисол ин аст, ки шахсони ба Қуръон хӯрдагир, ҳайвонеро мемонанд, ки ба нидою садо таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, вале мақсади онро дарк намекунанд, зеро онҳо ба гӯши Қалбашон намешунаванд”.

Ояти зер мисоли дигареро барои тасаллии Расулуллоҳ (с) баён мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фуссилат Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фуссилат Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)