Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фуссилат Ояти 47
۞ اِلَيۡهِ يُرَدُّ عِلۡمُ السَّاعَةِؕ وَمَا تَخۡرُجُ مِنۡ ثَمَرٰتٍ مِّنۡ اَكۡمَامِهَا وَمَا تَحۡمِلُ مِنۡ اُنۡثٰى وَلَا تَضَعُ اِلَّا بِعِلۡمِهٖؕ وَيَوۡمَ يُنَادِيۡهِمۡ اَيۡنَ شُرَكَآءِىۡۙ قَالُـوۡۤا اٰذَنّٰكَۙ مَا مِنَّا مِنۡ شَهِيۡدٍۚ ٤٧
۞ Илайҳи юрадду ъилму-с-саъаҳ. Ва ма тахруҷу мин самароти-м мин акмамиҳа ва ма таҳмилу мин унса ва ла таЗаъу илла би ъилмиҳ. Ва явма юнадӣҳим айна шуракаӣ Қолу азаннака ма минна мин шаҳӣд. 47.
47. Илми вуқӯи Қиёматро ба сӯи Аллоҳ ҳавола карда мешавад. Ва мевае аз ғилофи худ берун намеояд ва ҳеҷ зане ҳомила намешавад ва ҳамли худро намезояд, магар илми Аллоҳ онро иҳота дорад. Ва рӯзе ки Аллоҳ ононро нидо кунад, ки «куҷо ҳастанд ононе ки шарики Ман муқаррар мекардед?». Гӯянд: «Мо бо бонги расо Туро хабар (шоҳиди) медиҳем, ки (ҳоло) ҳеҷ яке аз мо шарикеро барои Ту исботкунанда нест, (Мо ҳама яктопарастем)».
Алоқаи мантиқи ин оят бо ояти боло аз ин хотир будааст, ки чун бо ояти Қаблӣ кофиронро таҳдид намуду хабар дод, ки ҷазои ҳар кас дар рӯзи Қиёмат ба соҳибаш мерасад гӯё дар ҳамин асно соиле суол ба миён овард, ки он рӯзи Қиёмат кай барпо мегардад? Пас, Аллоҳ таъоло гуфт, ки ҷавоби кай омадани он рӯз ба сӯйи Аллоҳ таъоло ҳавола карда мешавад, ин аз илми махлуқ берун аст. Яъне вақти вуқӯи Қиёматро ба ғайри Аллоҳ таъоло ҳатто бузургтарин анбиё ва муқаррабтарин фаришта ҳам намедонад.
Ҳатто шукуфтани ғунча, бастани мева, пухта расидан, аз ғилоф берун омадани он ва ҳатто ҳомила шудани зану таваллуд ёфтани кӯдак ҳам, вобаста ба илми Худованд аст. Ҳеҷ як чиз аз мадди назар ва илми Қадими Аллоҳ таъоло берун намемонад. Тамоми ҳодисаҳо ва рӯйдодҳои замину осмонҳо иртибот ба илми Аллоҳ таъоло доранд. Аз ҷумла рӯзи Қиёмат ҳам.
Ба ҳамин хотир аст, ки чун Ҷабраил (а) Муҳаммад (с)-ро аз боби омадани рӯзи Қиёмат суол намуд, Расулуллоҳ (с) дар посух гуфт: “Мал мас-улу ъанҳа би аълама минас-саил.” “Суолкардашуда аз суолкунанда донотар нест”.
Дар давоми оят омадааст, ки рӯзи Қиёмат чунин рӯзест, ки барои сарзаниш ва исботи нописанд будани ибодати ботилонаи бутпарастон Аллоҳ таъоло ба мушрикон нидо намуда, гуфт, ки ҳама он чизҳое, ки ба Ман шарик ҳисоб кардед ва онҳоро чун маъбуд парастиш намудед, куҷоанд? Биёред онҳоро, то аз шумо ин лаҳза дифоъ кунанд! Мушрикон дар ҷавоб гӯфтанд, ки акнун мо ба яқин донистем, ки дар баробари Аллоҳи ягона аз миёни мо ҳеҷ касе нест, ки имрӯз ширк оварданашро шоҳидӣ бидиҳаду дуруст ҳисобад ва исбот кунад. Алҳол ботил будани ибодати бутҳоро донистем, акнун аз ибодати онҳо бозгаштему безорем. Мушрикон чунин гуфта, он рӯз иқрор ҳам мекунанд, локин ҳайҳот. Муфассирон гуфтаанд: ин суханҳои пушаймониро онҳо вақте мегӯянд, ки Қиёматро бо чашм мебинанду аз бутҳои худ безорӣ меҷӯянд, лекин афсӯс. Зеро онҳо дори имтиҳонро бо гумроҳӣ ва хатокорӣ паси сар намудаанд. Имону тавҳиди худро вақте эълом доштанд, ки дар он рӯз дари тавбаро бастаанд. Дар он рӯз имон овардан ба соҳибаш ҳеч нафъ надорад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «