Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фуссилат Ояти 48
وَضَلَّ عَنۡهُمۡ مَّا كَانُوۡا يَدۡعُوۡنَ مِنۡ قَبۡلُ وَظَنُّوۡا مَا لَهُمۡ مِّنۡ مَّحِيۡصٍ ٤٨
Ва Залла ъанҳум-м ма кану ядъуна мин Қабл. Ва занну ма лаҳум-м мим маҳӣс. 48.
48. Ва гум шуд аз онҳо он чӣ, ки пеш аз ин мепарастиданд ва донистанд, ки ҳеҷ ҷойи халосӣ онҳоро нест.
Одатан, мушрикон ба ибодати чизҳое машғул мешаванд, ки ҳатто дар ҳамин дунё аз онҳо на некӣ мебинанду на бадӣ. Бинобар ин, ояти мазкур мефармояд, ки ҳама он чӣ мушрикон дар дунё парастиш менамуданд, хоҳ бут бошанду хоҳ ғайри он, дар рӯзи Қиёмат чунон ғайб мезананд, ки осоре аз онҳо дида намешавад, то ба ибодаткунандагонашон, фаразан, дасти ёрӣ дароз намоянд. Баъди чунин муомила мушрикон хуб мефаҳманд ва яқин мекунанд, ки дигар барои онҳо ҷои гурез ва халосӣ нест. Дигар василае вуҷуд надорад, ки онҳоро аз азоби илоҳӣ наҷот бидиҳад. Дар натиҷа, аз рафтори дар дунё доштаи худ сахт маъюсу ғамгин гардида, аз ин ки бо васвасаи ҳамдигар ба пайғамбарони Худо муҷодала намудаанд, сахт пушаймон мегарданд ва аз ҳамдигар безорӣ меҷӯянд…
Оятҳои зер табиати инсонро баён мекунанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «