Сураи Фуссилат Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фуссилат Ояти 49

لَا يَسۡـَٔـمُ الۡاِنۡسَانُ مِنۡ دُعَآءِ الۡخَيۡرِ وَاِنۡ مَّسَّهُ الشَّرُّ فَيَـُٔـوۡسٌ قَنُوۡطٌ ٤٩

Ла яс-аму-л-инсану мин дуъаи-л-хайри ва им массаҳу-ш-шарру фаяусун Қанут. 49.

49. Инсон ҳар чи талаби хайр кунад, монда намешавад ва агар сахтие ба ӯ бирасад, пас, ба куллӣ ӯ ноумеду тамаъбурида мешавад.

Ӯ таъоло табиати инсонро чунин офарида, ки аз талабу тамаъи накӯӣ барои нафси худ аз Қабили молу тандурустӣ, иззату ҳурмат, эҳтирому забардастӣ ва ғайра ҳеҷ гоҳ монда ва дилгир намешавад. Ӯ ҳамеша мехоҳад, ки ҳама чиз табъи дилу хостаи ӯ бошад. Аммо дар сурати рӯ ба рӯ омадан ба сахтӣ, ноомади кор ва беморӣ дарҳол малул ва навмед мегардад. Ҳатто баъзе касон то андозае рӯҳафтода мегарданд, ки аз раҳмату кумаки Аллоҳ таъоло ҳам дасту дил мешӯянд. Давоми суханро ояти зер, иншоаллоҳ, мукаммал месозад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фуссилат Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фуссилат Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)