Сураи Фуссилат Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фуссилат Ояти 50

وَلَٮِٕنۡ اَذَقۡنٰهُ رَحۡمَةً مِّنَّا مِنۡۢ بَعۡدِ ضَرَّآءَ مَسَّتۡهُ لَيَقُوۡلَنَّ هٰذَا لِىۡ ۙ وَمَاۤ اَظُنُّ السَّاعَةَ قَآٮِٕمَةً ۙ وَّلَٮِٕنۡ رُّجِعۡتُ اِلٰى رَبِّىۡۤ اِنَّ لِىۡ عِنۡدَهٗ لَـلۡحُسۡنٰى‌ ۚ فَلَـنُنَـبِّـئَنَّ الَّذِيۡنَ كَفَرُوۡا بِمَا عَمِلُوۡا وَلَـنُذِيۡقَنَّهُمۡ مِّنۡ عَذَابٍ غَلِيۡظٍ ٥٠

Ва ла ин азақнаҳу раҳмата-м минна мин баъди Зарраа массатҳу ла яқуланна ҳаза лӣ ва ма азунну-с-саъата Қаимата-в ва ла ир-руҷиъту ила Рабби инна лӣ ъиндаҳу лал ҳусна. Фа ла нунаббианна-л-лазӣна кафару би ма ъамилу ва ла нузӣқаннаҳум-м мин ъазабин ғалӣз. 50.

50. Ва агар ӯро меҳрубоние аз тарафи Худ, баъди сахтие, ки ба ӯ расида буд, бичашонем, албатта гӯяд: «Ин барои ман лоиқ аст ва намепиндорам Қиёмат барпо шавад ва агар ҳам ба сӯи Парвардигори худ бозгардонида шавам, албатта назди Ӯ ҳолати некӯ маро интизор аст». Пас, албатта, ононеро, ки кофир шуданд ба он чӣ мекарданд, огоҳ мегардонем ва албатта, онҳоро аз азоби дурушт бичашонем.

Чуноне гузашт, назари баъзе инсонҳо маҳз ба зоҳир ва моддиёт маҳдуд гаштааст. Агар Парвардигор ба чунин шахс меҳрубонӣ намуда, аз ҳолати навмедӣ ва шикастадилӣ раҳояш сохта, беҳбудиро насибаш гардонад, инро аз Мусаббибул асбоб (Худованд) надида, балки меҳрубонии Ӯро фаромӯш месозаду аз худ миннатпазир мешавад ва бо худ фахр намуда мегӯяд, ки бо ҷаҳду кӯшишу ҳаракати худ ман тавонистам ин ҳама мусибатро аз худ дур созам. Кибру ғурури ӯ то андозае боло меравад, ки ҳатто вуқӯи Қиёматро билкул инкор мекунад ва мегӯяд: “Ман ба омадани Қиёмат (наъузубиллоҳ) боварӣ надорам”. Боз агар ба самъаш (гӯшаш) меҳрубонии Аллоҳ таъолоро расонида шавад, мегӯяд, ки бигузор, чуноне шумо мегӯед, Аллоҳ таъоло аз сахтӣ маро раҳо намуда бошад, модоме Аллоҳ таъоло лутфи Худро дар ин дунё аз ман дареғ надошт, дар Қиёмат ҳам, Ӯ ба ман дасти ёрӣ дароз хоҳад кард. Аз чунин шахсон аҷаби кас меояд. Хабари вуқӯъи рӯзи Қиёматро инкор мекунанд, вале боз шарм надошта, эҳсони Аллоҳ таъолоро дар он рӯз умедвор мешаванд. Чунин шахсони тиҳимағзро Аллоҳ таъоло дар давоми оят бо ёд кардани савганд ба Зоти Худ, ҷавоб дода мефармояд, ки Валлоҳӣ (Қасам), ҳақиқати амалҳои чунин ҷамоъаи куффор назди Мо маълум аст, ҳама ҷурму гуноҳе, ки дар дунё содир кардаанд, албатта, пеши рӯяшон ҳамчу ҳуҷҷат меорему ба онҳо нишон медиҳем. Сахттарину дурушттарин азобро ба онҳо, албатта, мечашонем ва онҳо ба таври ҳамешагӣ дар оғӯши нори Ҷаҳаннам боқӣ мемонанд. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фуссилат Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фуссилат Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)