Сураи Фуссилат Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фуссилат Ояти 8

اِنَّ الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ لَهُمۡ اَجۡرٌ غَيۡرُ مَمۡنُوۡنٍ ٨

Инна-л-лазӣна аману ва ъамилу-с-салиҳати лаҳум аҷрун ғайру мамнун. 8.

8. Ҳаройина, ононе ки имон оварданд ва корҳои нек карданд, барои онҳо подошест тамомнашуданӣ».

Яъне ононе, ки ба ваҳдонияти Аллоҳ таъоло имон оварда, пайғамбарии расули Ӯро тасдиқ намуда ҳамчунин амалҳои солеҳ карданд, албатта, дар охират соҳиби аҷри бардавом мегарданд. Яъне онҳо ба Ҷаннати пурнеъмат ворид мешаванд, на худ ва на савобашон фано намегардад. Оятҳои баъдӣ далелҳои Қудрати Парвардигор ва ваҳдонияти Ӯ таъолоро, зикр мекунанд:


Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фуссилат Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фуссилат Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)