Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фуссилат Ояти 9
۞ قُلۡ اَٮِٕنَّكُمۡ لَتَكۡفُرُوۡنَ بِالَّذِىۡ خَلَقَ الۡاَرۡضَ فِىۡ يَوۡمَيۡنِ وَتَجۡعَلُوۡنَ لَهٗۤ اَنۡدَادًاؕ ذٰلِكَ رَبُّ الۡعٰلَمِيۡنَۚ ٩
۞ Қул а-иннакум ла такфуруна би-л-лазӣ халақа-л-арЗа фӣ явмайни ва таҷъалуна лаҳу андада. залика Раббу-л-ъаламӣн. 9.
9. Бигӯ: «Оё шумо ба Он Зоте, ки Заминро дар ду рӯз офарид, кофир мешавед ва барои Ӯ ҳамсаронро муқаррар мекунед? Ин аст Парвардигори оламиён.
Ин савол ҳам оҳанги тааҷҷубоварӣ ва ҳам маломатро дорад, яъне Аллоҳ таъоло ба ҳабиби Худ (с) мефармояд, ки ба мушрикон бигӯ, ки чӣ хел шумо ба Аллоҳи ягона, ки шаъни бисёр бузург дорад ва ба офаридани кулли мавҷудот Қодир аст ва замини бузургро дар муддати ду рӯз офаридааст, кофир мешаведу ба Ӯ чизеро шарик муайян мекунед? Во аҷаб, аз ин ақлу хиради костаи шумо! Ҳамон Холиқу Қодир бар офаридани кулли ашё фақат ягона Парвардигори оламиён аст, на он бутҳои беҷону берӯҳи шумо. Инсоф диҳед, чӣ гуна як ҷисми заъифу беҷонро, ки аз он ҳеҷ амале сар намезанад, ба Аллоҳи Акбар дар ибодат баробару шарик медонед? Ҳол он ки шумо хуб медонед, чи дар олами боло ва чи дар олами поён, Аллоҳ як аст ва монанду шарик надорад. (Аз ҳошияи “Тафсири Ҷалолайн”, “Кашоф”, “Мухтасари ибни Касир” ва “Қуртубӣ”).
Чунин мазмунро дар сураи “Абаса” аз ояти 27 то 33-юм вохӯрдан мумкин аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «