Тафсири Сураи Гофир Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ғофир Ояти 3
غَافِرِ الذَّنۡۢبِ وَقَابِلِ التَّوۡبِ شَدِيۡدِ الۡعِقَابِ ذِى الطَّوۡلِؕ لَاۤ اِلٰهَ اِلَّا هُوَؕ اِلَيۡهِ الۡمَصِيۡرُ ٣
Ғофири-з-занби ва Қобили-т-тавби шадӣди-л-ъиқоби зи-т-тавли ла илаҳа илла Ҳува илайҳи-л-масӣр. 3.
3. Омурзандаи гуноҳ ва Қабулкунандаи тавба, (ва) (касонеро, ки хоҳад) сахт иқобкунанда аст, Худованди тавоност, нест маъбуде барҳақ, магар Ӯ, бозгашт ба сӯи Ӯст.
Ӯ таъоло мағфираткунандаи (бахшоянда) гуноҳони бандагон аст, ҳамчунин Қабулкунандаи тавбаи бандагонест, ки ба ҷурму гуноҳ олуда шудаанд. Албатта, онҳое мавриди афви Аллоҳ таъоло Қарор мегиранд, ки аз гуноҳи содиркардаи хеш пушаймон шуда, ба сӯйи он Зоти пок рӯйи оранд. Агар аз гуноҳ тавба накунанд, сари таслим пойин наоранд, Аллоҳ таъоло нисбати чунин бандагон бениҳоят сахтгир аст.
Ӯ таъоло соҳиби фазлу инъом аст. Касеро хоҳад, иноят (мадад, ёрӣ) мекунад. Ӯ ба ҳама кор Қодиру тавоност. Нест маъбуде (парастишкардашудае) барҳақ, магар Ӯ. Бозгашти тамоми халоиқ дар охир ба сӯйи Ӯст. Подошдиҳандаи амалҳои тамоми бандагон аст. Он ҷо (дар охират) ҳар касе, албатта, мукофот ё ҷазои амалҳои худро мегирад.
Албатта, Қуръон ҳидояти Аллоҳ таъолост барои оламиён. Бинобар ин, дар ин оят Қаблан омадани мағфирату тавба валлоҳу аълам, далолат ба он мекунад, ки фазлу раҳмати Парвардигор бисёр васеъ аст ва раҳмати Ӯ ҳамеша аз азобаш бештару пештар аст. Ин оят ба мо ҳушдор медиҳад, ки ҳеҷ гоҳ навмед набояд шуд, баръакс аз мағфирати Ӯ таъоло ҳамеша умедворӣ бояд намуд.
Дар ояти зерин аз бандагони ҷидолкунанда ёд мешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «