Сураи Ғофир Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Гофир Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ғофир Ояти 4

مَا يُجَادِلُ فِىۡۤ اٰيٰتِ اللّٰهِ اِلَّا الَّذِيۡنَ كَفَرُوۡا فَلَا يَغۡرُرۡكَ تَقَلُّبُهُمۡ فِى الۡبِلَادِ ٤

Ма юҷадилу фи айатиллаҳи илла-л лазӣна кафару фа ла яғрурка тақаллубуҳум фи-л билад. 4.

4. Муҷодала намекунанд дар сухани Аллоҳ, магар ононе ки кофир шуданд, пас туро омадурафти онҳо дар шаҳрҳо фиреб надиҳад.

Албатта, инсони соҳибхиради комил, бо дидаи дақиқ ба аломатҳои равшани атрофи худ назар намуда, итминон ҳосил менамояд, ки мураккабӣ ва гуногунии ҳама ашёи мавҷудбуда ақли инсонро оҷиз гардонидааст. Мавҷудоти олам далолат ба он мекунанд, ки онҳо Офаридгоре доранд, ки он яккаву ягона аст. Ба ҳамин асос ӯ аз ҳақ рӯйгардон намешавад ва дар оятҳои Аллоҳ таъоло муҷодала намекунад. Аммо шахсони моддапараст (материалист, моддигаро) ин ҳақиқати исботшударо нодида мегиранд, ҳатто оятҳои Қуръониро инкор мекунанд ва баҳсу мунозараи беасосро пеш мегиранд. Солҳо мегузарад, вале онҳо ҳеҷ гоҳ натиҷаи дилхоҳашонро ҳосил карда наметавонанд. Чунин шахсоне, ки ҳақро ботил баҳо мегузоранд, кофиршудагонанд. Аз ин рӯ, давоми оят мефармояд, ки ай оқилу ҳушманд, фирефтаи чунин афрод машав. Ҳарчанд онҳо дар айни замон дар шаҳрҳо гаштугузор доранд, соҳиби пул, мол ва сарвати дунёанд, бо вуҷуди доштани неъматҳои фаровон, агар ба Аллоҳ таъоло, ки бахшандаи ҳама неъматҳост, имон надошта бошанд, шақитарин (бадбахттарин) мардуманд. Ҳамаи ин неъматҳои онҳо дар нисбати дараҷоти Биҳишт ва неъматҳои он ҳеҷ асту мисли як сояи гузаро аст. Муҳлати маишати онҳо дароз нест. Агар онҳо аз гуноҳони содиркардаи худ пушаймон нашаванд, тавба накунанд, лутфу муросои Парвардигорро нодида бигиранд, Аллоҳ таъоло баногоҳ онҳоро чунон ба азоб бикашад, ки дигар он дам ҳеҷ тадбире аз дасташон наояд.

Ояти мазкур, валлоҳу аълам тасаллие барои Расулуллоҳ (с) ва таҳдиди шадиде барои кофирон буд ва ояти зер мисолеро аз саргузашти муҷодалакунандагони собиқ бо Худову Расул, баён мекунад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ғофир Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ғофир Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)