Сураи Ғофир Ояти 61 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Гофир Ояти 61 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ғофир Ояти 61

اَللّٰهُ الَّذِىۡ جَعَلَ لَـكُمُ الَّيۡلَ لِتَسۡكُنُوۡا فِيۡهِ وَالنَّهَارَ مُبۡصِرًا ؕ اِنَّ اللّٰهَ لَذُوۡ فَضۡلٍ عَلَى النَّاسِ وَ لٰـكِنَّ اَكۡثَرَ النَّاسِ لَا يَشۡكُرُوۡنَ ٦١

Аллоҳу-л-лазӣ ҷаъала лакуму-л-лайла ли таскуну фӣҳи ва-н-наҳара мубсиро. Инналлоҳа ла зу фаЗлин ъала-н-наси ва лакинна аксара-н-наси ла яшкурун. 61.

61. Аллоҳ Он Зотест, ки барои шумо шабро офарид, то дар он ором гиред. Ва рӯзро чунон гардонид, ки дар он ҳамдигарро дида тавонед. Албатта, Аллоҳ бар мардум соҳиби фазл аст, валекин аксари мардум шукр намекунанд.

Парвардигори оламиён чунон Зотест, ки бо Қудрату ҳикмати Худ барои истироҳати мардум баъди меҳнату шуғли рӯзгор шабро офарид. Баръакс, рӯзро чунон мунаввар гардонид, ки инсонҳо метавонанд бидуни истифода аз машъалу чароғ барои таъмини ризқу рӯзии худ саъю ҳаракат намуда, корҳои худро анҷом бахшанд. Албатта, Аллоҳ таъоло соҳиби фазл аст ва ин нишонаҳо аз фазли Ӯст, ки барои бандагони Худ чунин неъматҳоро офаридаасту шароитро барои ниёзи онҳо муҳайё намудааст. Дар нисбати бандагон фазлу караму эҳсони Ӯ таъоло интиҳо надорад. Бандагон инро бояд хуб донанд ва шукри онро тавре лозим аст, ба ҷой биёранд. Аммо боиси таассуф аст, ки аксари мардум ба Қадри ин неъматҳои арзонидоштаи Аллоҳ таъоло намерасанд ва шукри онҳоро ба ҷой намеоранд, ё ин ки билкул аз фазли Парвардигор будани онҳоро инкор мекунанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ғофир Ояти 60 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ғофир Ояти 62 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)