Сураи Ғофир Ояти 63 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Гофир Ояти 63 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ғофир Ояти 63

كَذٰلِكَ يُؤۡفَكُ الَّذِيۡنَ كَانُوۡا بِاٰيٰتِ اللّٰهِ يَجۡحَدُوۡنَ ٦٣

Казалика юъфаку-л-лазӣна кану би айатиллаҳи яҷҳадун. 63.

63. Ҳамчунин, касоне ки оятҳои Аллоҳро инкор мекарданд, (аз ҳидоят) баргардонида мешаванд.

Ин оят барои Расули барҳақ (с) тасаллӣ буда, Аллоҳ таъоло мефармояд, ки ай ҳабибам (с), аз инкоркунии Қавмат ғамгин мабош, зеро пеш аз инҳо Қавмҳое буданд, ки пайғамбари Худоро дурӯғгӯ ҳисобида, нисбати онҳо ҳар гуна истеҳзо ва адоватро ба кор бурданд. Чун инсон офариниши осмонҳо ва заминро аз Худо донисту вале оятҳои Қуръониро инкор намуд, роҳи рушду ҳидоят ба ӯ баста мешавад. Яъне дигар роҳи ҳидоятро аз роҳи хато ҷудо карда наметавонад ва абадӣ дар гумроҳӣ мемонад. Ояти зер ҳам, далелҳои Қудрати Аллоҳ таъолоро баён мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ғофир Ояти 62 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ғофир Ояти 64 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)