Тафсири Сураи Гофир Ояти 62 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ғофир Ояти 62
ذٰلِكُمُ اللّٰهُ رَبُّكُمۡ خَالِقُ كُلِّ شَىۡءٍ ۘ لَّاۤ اِلٰهَ اِلَّا هُوَ ۚ فَاَ نّٰى تُؤۡفَكُوۡنَ ٦٢
Заликумуллоҳу Раббукум холиқу кулли шай-ил ла илаҳа илла Ҳу. Фа анна туъфакун. 62.
62. Ин аст Парвардигори шумо Офаридгори ҳар чиз. Нест маъбуде (сазовору) барҳақ, магар Ӯ, пас, аз куҷо (чаро аз ибодати Ӯ ба ибодати ғайр) баргардонида мешавед?
Агар пурсида шавад, ки Осмону Замин ва шабу рӯзро кӣ офарид, ба ҷуз шахси даҳрӣ дигар ҳама бе ҳеҷ истиҳола ҷавоб гӯянд, ки Аллоҳи ягона онҳоро халқ кардааст. Ана ҳамин Аллоҳ офаридгори тамоми ашё аст. Ба ғайри Ӯ дигар Зоте сазовори ибодат нест. Дуруст гуфтед, ки Офаридгори Замину Осмонҳо ва тамоми ашё Аллоҳ таъолоаст. Чаро ибодати Ӯро монда, ба ибодати бути бо даст сохташуда машғул мегардед? Тааҷҷуб аз шумо, ки дар баробари тоъати Ӯ таъоло, дар пайи парастиши бути беҷон низ ҳастет.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «