Тафсири Сураи Гофир Ояти 64 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ғофир Ояти 64
اَللّٰهُ الَّذِىۡ جَعَلَ لَـكُمُ الۡاَرۡضَ قَرَارًا وَّالسَّمَآءَ بِنَآءً وَّصَوَّرَكُمۡ فَاَحۡسَنَ صُوَرَكُمۡ وَرَزَقَكُمۡ مِّنَ الطَّيِّبٰتِ ؕ ذٰلِكُمُ اللّٰهُ رَبُّكُمۡ ۖۚ فَتَبٰـرَكَ اللّٰهُ رَبُّ الۡعٰلَمِيۡنَ ٦٤
Аллоҳу-л-лазӣ ҷаъала лакуму-л-арЗа Қарора-в ва-с-самаа бинаа-в ва савваракум фа аҳсана суваракум ва разақакум-м мина-т-таййибат. заликумуллоҳу Раббукум. Фа табаракаллоҳу Раббу-л-ъаламӣн. 64.
64. Аллоҳ Он Зотест, ки барои шумо Заминро Қароргоҳ гардонид ва Осмонро чун бом сохт ва шуморо сурат баст, пас, суратҳои шуморо некӯ сохт ва шуморо аз чизҳои покиза ризқ дод. Ин аст Аллоҳ Парвардигори шумо. Пас, бисёр бобаракат аст Аллоҳ ки Ӯ Парвардигори оламҳост.
Аллоҳ чунон Зотест, ки Қудрату тавонии Ӯ беинтиҳо буда, аз рӯи раҳмати Хеш барои бандагони Худ, чи ба ҳангоми Қайди ҳаёт будан ва чӣ баъди марг, заминро Қароргоҳ муайян намуд. Инчунин осмонро ҳамчун боми мустаҳкам офарид. Инсонро дар беҳтарин сурат ба арсаи вуҷуд овард. Барои ӯ нисбат ба дигар махлуқоти худ сурати зеботар ва аъзои муносиб арзонӣ дошт. Онҳоро нисбат ба дигар махлуқоти худ ақлу фаросат бахшиду ризқашонро аз беҳтарин лаззатҳо ва тозатарин неъматҳо муайян гардонид. Ҳамаи ин аз сӯйи Он зоти поке ба миён омада, ки ғайри Ӯ дигар маъбуди барҳаққе нест. Ӯ таъоло бисёр Зоти бобаракат аст, шаъни Ӯ олист ва аз ҳамаи ашё бартару болотар аст ва Ӯ Парвардигори тамоми оламҳост, ғайри Ӯ ҳеҷ зоте чунин салоҳиятҳоро ба низом дароварда наметавонад. Дар ин гуфтаҳо ҳеҷ як муболиға ва сохтагӯӣ нест. Аллоҳ донотар аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «