Сураи Ғофир Ояти 65 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Гофир Ояти 65 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ғофир Ояти 65

هُوَ الۡحَىُّ لَاۤ اِلٰهَ اِلَّا هُوَ فَادۡعُوۡهُ مُخۡلِصِيۡنَ لَهُ الدِّيۡنَؕ اَلۡحَمۡدُ لِلّٰهِ رَبِّ الۡعٰلَمِيۡنَ ٦٥

Ҳува-л-ҳайю ла илаҳа илла Ҳува фадъуҳу мухлисӣна лаҳу-д-дӣн. Ал-ҳамду лиллаҳи Рабби-л-ъоламӣн. 65.

65. Ӯ зинда аст. Нест ҳеҷ маъбуде барҳақ, магар Ӯ. Пас, барои Ӯ, дар ҳоле ки динро холискунандагон бошед, Ӯро ибодат кунед. Ҳама ситоиш аз они Худост, ки Парвардигори оламҳост.

Ӯ таъоло дар зот ва ҷамиъи сифатҳои Худ якка аст. Хусусан дар сифати зинда будани Худ ҳамто надорад. Яъне зинда будани Ӯ ҳақиқат асту бардавому поённашаванда. Ғайри Ӯ илоҳе барҳақ ва сазовори парастиш несту вуҷуд надорад. Бешак, меарзад, ки Ӯро бо тамоми ҳастӣ парастиш карда шавад. Пас зарур аст, ки ибодат танҳо ба ҳамин Зоти пок, зоҳирану ботинан ва холисона анҷом дода шавад, ва танҳо ба сӯйи ин Зоти пок дуъо карда шавад. Ба ин тариқа, ки бояд гуфта шавад: «Алҳамду лиллаҳи раббил аламин Ҳама санову шукр мар он Аллоҳеро, ки Молику Парвардигори ҷамиъи оламу махлуқҳост.»

Ояти мазкур сифатҳои ҷалолӣ ва бо азаматии Парвардигорро бори дигар барои мо рӯшан сохт.

Ояти зер моро аз ибодати ғайри Ӯ бозмедорад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ғофир Ояти 64 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ғофир Ояти 66 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)