Тафсири Сураи Гофир Ояти 66 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ғофир Ояти 66
۞ قُلۡ اِنِّىۡ نُهِيۡتُ اَنۡ اَعۡبُدَ الَّذِيۡنَ تَدۡعُوۡنَ مِنۡ دُوۡنِ اللّٰهِ لَمَّا جَآءَنِىَ الۡبَيِّنٰتُ مِنۡ رَّبِّىۡ وَاُمِرۡتُ اَنۡ اُسۡلِمَ لِرَبِّ الۡعٰلَمِيۡنَ ٦٦
۞ Қул иннӣ нуҳӣту ъан аъбуда-л-лазӣна тадъуна мин дуниллаҳи ламма ҷаания-л-баййинату ми-р-Раббӣ ва умирту ан услима ли Рабби-л-ъаламӣн. 66.
66. Бигӯ: «Албатта, вақте ки ба ман аз ҷониби Парвардигорам нишонаҳо омад, аз он чизҳое, ки аз ғайри Аллоҳ шумо мепарастед, онҳоро манъ карда шудаам, ки бипарастам. Ва маро фармуда шуд, ки ба Парвардигори оламиён таслим бошам».
Зимни ояти мазкур Аллоҳ таъоло мефармояд, ки ай Муҳаммад (с), дар муқобили мушрикон бигӯ, ки Парвардигори ман Азиму Ҷалилу Акбар аст. Ана ҳамон Парвардигор маро аз парастиши чизҳое (бутҳое), ки шумо мепарастед, манъ кардааст. Бутҳое, ки шумо мепарастед, кару гунганд ва ба ҳеҷ кор Қодир нестанд. Агар шумо ба Худои аслӣ ва ҳақиқӣ ибодат карданӣ бошед, аз парастиши бутони худ даст кашед, ба Худо чизеро шарик надонед. Ба ғайри Аллоҳи ягона ҳеҷ чиз лоиқу сазовори парастиш нест. Ман чӣ хел маъбудони ботили шуморо парастам, ҳол он ки барои нодурустии ибодати ғайри Аллоҳи ягона оятҳои муъҷизу ошкор аз назди Аллоҳ ба ман ваҳй гардидааст? Шумо ба сухани ман агар бовар надоред, лоақал ба ҷисми худатон бохирадона назар андозед ва тафаккур кунед, соҳиби Қудрат будан ва ягонагии Аллоҳ таъолоро мушоҳида мекунед! Инчунин ба ман амр шудааст, ки ба Парвардигори оламиён сари таъзим фуруд биёрам ва пеши иродаи Ӯ таслим шавам, динро холис барои ризои Ӯ ба роҳ монам. Ибодатро низ холис барои ризои Ӯ, ки бемислу монанд аст, анҷом бидиҳам. Ҳамин аст ақидаи ман дар боби ибодати Аллоҳи ягона.
Оятҳои зикршуда аз Қудрату ваҳдонияти Аллоҳ таъоло баҳс намуданд. Оятҳои зер ҳам, аз Қудрати Аллоҳ таъоло дар нисбати офариниш сухан мегӯянд. Сипас дар оятҳои баъдӣ аҳволи мушрикон дар рӯзи Қиёмат бо таҳдиду ваъид баён гардида, бо ҳамин сура анҷом меёбад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «