Тафсири Сураи Гофир Ояти 69 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ғофир Ояти 69
اَلَمۡ تَرَ اِلَى الَّذِيۡنَ يُجَادِلُوۡنَ فِىۡۤ اٰيٰتِ اللّٰهِؕ اَنّٰى يُصۡرَفُوۡنَ ٦٩
Алам тара ила-л-лазӣна юҷадилуна фи айатиллаҳи анна юсрафун. 69.
69. Оё касонеро, ки дар оятҳои Аллоҳ муҷодала мекунанд, надидӣ, ки чӣ гуна аз имон баргардонида шуда бероҳа мешаванд?
Ин савол барои тааҷҷуб будааст. Яъне ай Муҳаммад (с), оё тааҷҷуб намекунӣ аз онҳое, ки ақлҳои худро аз сӯйи ҳидоят ба сӯйи гумроҳӣ равона сохтаанд. Оятҳои Қуръонӣ ва муъҷизаҳои чун Офтоб равшанро, ки ҳама ба Қудрати беинтиҳои Аллоҳ таъоло далолат мекунанд, инкор кардаанду ба пайғамбар, ё аҳли ҳақ муҷодала карда, куфри худро бештар сохтаанд. Онҳо ба куҷо мерафта бошанд? Дар ояти зер иншоаллоҳ, ин нукта равшантар, тавзеҳ мешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «