Сураи Ғофир Ояти 70 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Гофир Ояти 70 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ғофир Ояти 70

الَّذِيۡنَ كَذَّبُوۡا بِالۡكِتٰبِ وَبِمَاۤ اَرۡسَلۡنَا بِهٖ رُسُلَنَاۖ ۛ فَسَوۡفَ يَعۡلَمُوۡنَ ٧٠

Ал-лазӣна каззабу би-л-китаби ва би ма арсална биҳӣ русулана. Фа савфа яъламун. 70.

70. Ононе ки ин Китоб ва он чиро (ки) ба он пайғамбарони Худро фиристодем, дурӯғ шумориданд, пас, зуд аст, ки (ҳақиқатро) бидонанд,

Ин оят барои кофирон ҳам ваъид (ваъдаи азоб) аст ва ҳам таҳдид. Дар он омада, ки он касоне, ки ба китоби Худо, яъне Қуръони азимушшаън ва гуфтаҳои он бовар надоранд, ба иҷрои амри Аллоҳ накӯшидаанд, аз наҳйи Ӯ таъоло дурӣ наҷустаанд, инчунин пайғамбарон ва ба ҷамиъи китобҳо ва шариъатҳои осмонӣ имон наовардаанд, дур нест, ки натиҷаи аъмолу рафтори худро хоҳанд дид. Ба ин сурат, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ғофир Ояти 69 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ғофир Ояти 71 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)