Сураи Ғофир Ояти 68 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Гофир Ояти 68 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ғофир Ояти 68

هُوَ الَّذِىۡ يُحۡىٖ وَيُمِيۡتُؕ فَاِذَا قَضٰٓى اَمۡرًا فَاِنَّمَا يَقُوۡلُ لَهٗ كُنۡ فَيَكُوۡنُ ٦٨

Ҳува-л лазӣ юҳйӣ ва юмӣт.Фа иза ҚаЗа амран фа иннама яқулу лаҳу кун фаякун. 68.

68. Ӯст Он Зоте, ки зинда мекунад ва мемиронад, пас, чун эҷоди чизеро хоҳад, пас, ҷуз ин нест, ки ӯро гӯяд: «Шав!». Пас, бедаранг ӯ мешавад.

Хулосаи шарҳи ояти мазкур, валлоҳу аълам, ин аст, ки Ӯ таъоло барои зинда гардонидану миронидани махлуқоти худ Қодир аст. Чун кореро ирода кунад, дар Ӯ мондашавӣ, мушкилӣ нест, ба кӯмаки ғайр ниёз надорад. Офаридани чизеро ирода кунад, албатта, Ӯ онро бетаъхир, фавран пайдо мегардонад. Дар офариниши ҳар чизе, ки Ӯ амр кунад: «Кун!» (яъне «Бош!» ё «Шав!» пас он чиз пайдо мегардад. Ҳангоми эҷоди шайъ (чиз) байни Омир (яъне Аллоҳ таъоло) ва маъмур (яъне пайдошаванда) муҷодала ва чуну чаро вуҷуд надорад. Амр бидуни истиҳола аз ҷониби махлуқ иҷро мешавад…

Дар ояти зер мазаммати шахсоне, ки бо роҳҳои ботил дар оятҳои Аллоҳ таъоло муҷодала мекунанд, иншоаллоҳ баён мешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ғофир Ояти 67 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ғофир Ояти 69 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)