Сураи Ғофир Ояти 82 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Гофир Ояти 82 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ғофир Ояти 82

اَفَلَمۡ يَسِيۡرُوۡا فِى الۡاَرۡضِ فَيَنۡظُرُوۡا كَيۡفَ كَانَ عَاقِبَةُ الَّذِيۡنَ مِنۡ قَبۡلِهِمۡؕ كَانُوۡۤا اَكۡثَرَ مِنۡهُمۡ وَاَشَدَّ قُوَّةً وَّ اٰثَارًا فِى الۡاَرۡضِ فَمَاۤ اَغۡنٰى عَنۡهُمۡ مَّا كَانُوۡا يَكۡسِبُوۡنَ ٨٢

А-фа лам ясӣру фи-л-арЗи фа янзуру кайфа кана ъақибату-л-лазӣна мин Қаблиҳим. Кану аксара минҳум ва ашадда Қуввата-в ва асаран фи-л-арЗи фа ма ағна ъанҳум-м ма кану яксибун. 82.

82. Оё дар Замин сайр накарданд, то медиданд, ки уқубати кори инсонҳое, ки пеш аз онҳо буданд, чӣ гуна будааст? Онҳо мардуме буданд, ки аз рӯи Қувват ва нишонаҳо аз онҳо (дида) бештару сахттар, пас, он чизҳое ки ба даст оварданд, ҳеҷ чиз (бало)-еро аз онҳо дафъ карда натавонист.

Акнун мушрикон, ки на ба насиҳатҳои Қуръонӣ гӯш медиҳанд ва на ба насиҳатҳои дидаи ҳақбин. Бо ин саркашӣ ва куфре, ки доранд, бояд ба таърих назар афкананд, дар рӯи замин ба саёҳат рафта, харобазорҳои Қадимаро назар кунанд ва ба худ савол бидиҳанд, ки барои чӣ пеш аз онҳо ин Қадар шаҳру диёри зиёд зери хок, таги обу санг монда, ба як харобазор мубаддал гардидаанд? Ҳол он ки соҳибони он шаҳрҳо аз инҳо дида дар Қаду басту зӯру тавоноӣ даҳҳо маротиба боло буданд. Ҳамчунин аз мушрикони Макка дида, шумораи онҳо хеле зиёдтар буд ва Қасру кӯшкҳои баландтару зеботар ҳам доштанд. Ҳоло аз онҳо танҳо нишонаҳо боқӣ мондаасту халос. Ҷавоби саволашон бешак ин аст. Онҳо низ, ба дини ростини Аллоҳ бухлу адоват варзида, ба тадриҷ он кинаҳоро ба зулму ситам расониданд, вале бо вуҷуди дорои тамоми имкониятҳо будан, дар муқобили лашкари Худо истодагарӣ карда натавониста, куллан саркӯб гардиданду таги хок шуданд. Сабаби дигари ҳалоки онҳо ин буд, ки:


Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ғофир Ояти 81 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ғофир Ояти 83 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)