Тафсири Сураи Гофир Ояти 83 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ғофир Ояти 83
فَلَمَّا رَاَوۡا بَاۡسَنَا قَالُوۡۤا اٰمَنَّا بِاللّٰهِ وَحۡدَهٗ وَكَفَرۡنَا بِمَا كُنَّا بِهٖ مُشۡرِكِيۡنَ ٨٣
Фа ламма ҷаатҳум русулуҳум би-л-баййинати фариҳу би ма ъиндаҳум-м мина-л ъилми ва ҳақа биҳим-м ма кану биҳӣ ястаҳзиун. 83.
83. Пас, чун ба онҳо расулони онҳо муъҷизаҳои равшан оварданд, онҳо ба он чӣ аз дониш наздашон буд, шодмон шуданду бо молу ҳоли худ нозиданд. Ва (Худованд) онҳоро ба он чӣ ба он истеҳзо мекарданд, фурӯ гирифт.
Ин мардуме, ки дар боло зикрашон гузашт, ба сабаби он гирифтори азобҳои гуногун гардиданд, ки чун расулони Аллоҳ барои ҳидояти онҳо бо муъҷизаҳо ва далелҳои зиёд ба даъват пардохтанд, суханҳои онҳоро ба инобат нагирифтанд. На муъҷизаҳои расулонро Қабул доштанд ва на далелҳои пешниҳоднамудаи онҳоро. Онҳо (кофирон) бо илму дониши дунёие, ки доштанд, шодмон шуданду ифтихор намуда, кибру ғурур варзиданд. Ҳол он ки дар илми онҳо на нури ҳидоят буду на ваҳйи илоҳӣ. Онҳо ба ҳамин илм Қаноат намуда, дину илми пешниҳодкардаи фиристодагони Аллоҳро бо истеҳзо рад намуданд. Ин буд, ки Аллоҳ таъоло барои ин Қавмҳои мутакаббиргаштаву тундрав, ки ҳақро масхара карданд, азобҳои гуногунро раво донист. Касе аз онҳо натавонист аз ин азобҳои нозилшуда ҷон ба саломат барад, ҳама яксар ба ҳалокат расиданд. Мақсад чист, ки Аллоҳ таъоло дар китоби худ ин Қадар аз Қавмҳои пешин ба такрор ёдрас мекунад? Аввал, Аллоҳ худаш ба посухи ин савол донотар аст. Сониян, то ҷое, ки Парвардигор ба мо фаҳм додааст, мегӯем, ки мурод ин аст, ки шояд инсонҳо лаҳзае сари ин оятҳои пандомез андеша кунанду назаре ба гузаштаҳо намоянд, ки Қабл аз онҳо ҳам, дар рӯи замин мардумон умр ба сар бурдаанд ва онон бо сабаби аз роҳи амркардаи илоҳӣ рӯйгардон буданашон ба балоҳои азим мубтало гаштанд. Дур нест, ки чунин азоб шояд бори дигар ба сари наслҳои онҳо низ ба миён ояд. Чун бозгашти ҳама охир ба сӯйи ҳамин Холиқи якто будааст, пас зарур аст, пеш аз марг ризои Ӯро дарёфта, дигаронро аз ҷурму гуноҳ боздошта, ба сӯйи ҳидоят раҳнамоӣ карда шавад. То тавонем ба изни Ӯ таъоло ба манзили мурод бо хайрият бирасем. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «