Сураи Ғофир Ояти 84 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Гофир Ояти 84 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ғофир Ояти 84

فَلَمَّا جَآءَتۡهُمۡ رُسُلُهُمۡ بِالۡبَيِّنٰتِ فَرِحُوۡا بِمَا عِنۡدَهُمۡ مِّنَ الۡعِلۡمِ وَحَاقَ بِهِمۡ مَّا كَانُوۡا بِهٖ يَسۡتَهۡزِءُوۡنَ ٨٤

Фа ламма раав баъсана Қолу аманна биллаҳи ваҳдаҳу ва кафарна би ма кунна биҳӣ мушрикӣн. 84.

84. Пас, вақте ки уқубати Маро диданд, гуфтанд: «Ба Аллоҳи ягона имон овардем ва ба он чӣ ки онро ба Худо шарикорандагон будем, мункир шудем».

Ҳеҷ золиме нест, ки дар лаҳзаҳои охири умри худ бетавба аз ин дунё раваду ин суханро нагӯяд. Яъне он ҷамоъае, ки зикрашон гузашт, ё шахсони ба онҳо дар ақида монанд, чун азобу уқубати Аллоҳро бубинанд, ба худ оянду гӯянд, ки акнун донистем, ки Аллоҳи яккаву ягона корсозу мушкилкушои тамоми махлуқот будааст. Мо ба ин Аллоҳи ягона имон овардаем ва аз он чизҳое, ки онро ба Худо шарик медонистему парастиш мекардем, безор гаштем. Зеро дар ҳақиқат донистем, ки мо дар нодонӣ фурӯ рафта, гумроҳ гашта будем. Афсӯс, чизҳое, ки мо парастиш мекардем, ҳама назди Аллоҳи ягона оҷиз буда, имрӯз аз онҳо ҳеҷ суде набудааст. Магар аз ин дарки нобаҳангоми ҳақиқат, пушаймонӣ ва худро надомат кардану имон овардан ба кофирону мушрикон ягон фоидае ҳаст? Посухи ин суолро аз ояти зер хоҳем дарёфт:


Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ғофир Ояти 83 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ғофир Ояти 85 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)