Сураи Ҳадид Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хадид Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳадид Ояти 18

اِنَّ الۡمُصَّدِّقِيۡنَ وَالۡمُصَّدِّقٰتِ وَاَقۡرَضُوا اللّٰهَ قَرۡضًا حَسَنًا يُّضٰعَفُ لَهُمۡ وَلَهُمۡ اَجۡرٌ كَرِيۡمٌ ١٨

Инна-л-муссаддиқӣна ва-л-муссаддиқоти ва ақраЗуллоҳа қарЗан ҳасана-н юЗоъафу лаҳум ва лаҳум аҷрун карӣм. 18.

18. Албатта, барои мардони садақадиҳанда ва занони садақадиҳанда ва ононе ки қарз медиҳанд Аллоҳро қарзи нек, онҳоро дучанд (подош) дода мешавад ва онҳорост савоби гиромиқадр.

Шахсоне, ки ба шарофати имон нармдил гаштаанд, пас бояд чӣ кор кунанд? Ин оят то андозае ба ин суол ҷавобгӯй аст. Ояти карима мефармояд, ки касоне, ки ба фуқарову ятимон ва бевагону бечорагон барои дарёфти ризоии Парвардигори худ холӣ аз риёву миннат аз моли хеш садақа медиҳанд, хоҳ мард бошад ва хоҳ зан, ваъдаи Аллоҳ таъолост, ки дучанд мукофот мегиранд. Ба ин тариқа, ки дар ивази ҳар як некӣ дар дафтари аъмоли онҳо аз даҳ то ҳафтсад ҳасана навишта мешавад ва илова бар ин, барои онҳо аҷри бузурге пешбинӣ шудааст, ки он Биҳишти анбарсиришт аст. Ҳар кӣ дар роҳи Аллоҳ хайру эҳсон кунад, молаш аз талаф гаштан дар амон монда, худи ӯ аз зумраи наҷотёфтагон аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳадид «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳадид Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳадид Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)