Сураи Ҳадид Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хадид Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳадид Ояти 19

وَالَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا بِاللّٰهِ وَرُسُلِهٖۤ اُولٰٓٮِٕكَ هُمُ الصِّدِّيۡقُوۡنَۖ وَالشُّهَدَآءُ عِنۡدَ رَبِّهِمۡؕ لَهُمۡ اَجۡرُهُمۡ وَنُوۡرُهُمۡ‌ؕ وَ الَّذِيۡنَ كَفَرُوۡا وَكَذَّبُوۡا بِاٰيٰتِنَاۤ اُولٰٓٮِٕكَ اَصۡحٰبُ الۡجَحِيۡمِ ١٩

Ва-л-лазӣна аману биллаҳи ва русулиҳи улаика ҳуму-с-сиддӣқун. Ва-ш-шуҳадау ъинда Раббиҳим лаҳум аҷруҳум ва нуруҳум. Ва-л-лазӣна кафару ва каззабу би айатина улаика асҳабу-л-Ҷаҳӣм. 19.

19. Ва касоне ки ба Аллоҳ ва ба тамоми расулони Ӯ имон оварданд, он гурӯҳ назди Парвардигори худ сиддиқон ва шаҳидон ва дорандаи муздашон ва нурашон ҳастанд. Ва касоне ки оятҳои Моро мункир шуданд ва такзиб карданд, он гурӯҳ аҳли Дӯзаханд.

Касоне, ки ба ваҳдонияти Ӯ таъоло ва расулони Ӯ бидуни шакку шубҳа имон оварданд, аз рӯйи мартабаву дараҷа ба содиқону шаҳидони роҳи Аллоҳ баробаранд. Содиқон бошанд, азизони даргоҳи Аллоҳ буда, аз дараҷаи пайғамбарон пасттар ва ба мартабаи шахсони дар роҳи Аллоҳ шаҳидгашта баробаранд. Муҷоҳид соҳиби тафсир мегӯяд: «Ҳар касе ба Аллоҳ ва расулони Ӯ имон биёрад, ӯ аз ҷумлаи сиддиқону шаҳидон аст».

Хулоса, чунин афродро савоби арзанда ва нуре, ки дар зулумоти қиёмат роҳашонро аз сӯи рост ба пеш равшан месозад, дода мешавад. аммо онҳое, ки ба ваҳдонияти Ӯ таъоло кофир шуданд ва оятҳои Ӯро дурӯғ шумориданд, чунин ҷамоъа ҳамеша дар Дӯзах мемонад.

Байзовӣ мегӯяд: «Аз мазмуни ин оят маълум мегардад, ки ҳамеша дар Дӯзах мондан хосаи кофирон аст».

Чун Аллоҳ таъоло аз муъминони ҳақиқӣ ва хайру эҳсони онҳо ва инчунин аз аҳли куфр сухан кард, пас аз беқадрии дунёи фонӣ ва камоли охирати боқӣ дар ояти зер хабар медиҳад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳадид «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳадид Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳадид Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)