Сураи Ҳадид Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хадид Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳадид Ояти 21

سَابِقُوۡۤا اِلٰى مَغۡفِرَةٍ مِّنۡ رَّبِّكُمۡ وَجَنَّةٍ عَرۡضُهَا كَعَرۡضِ السَّمَآءِ وَ الۡاَرۡضِۙ اُعِدَّتۡ لِلَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا بِاللّٰهِ وَرُسُلِهٖ‌ؕ ذٰلِكَ فَضۡلُ اللّٰهِ يُؤۡتِيۡهِ مَنۡ يَّشَآءُ‌ؕ وَاللّٰهُ ذُو الۡفَضۡلِ الۡعَظِيۡمِ ٢١

Сабиқу ила мағфирати-м ми-р Раббикум ва Ҷаннатин ъарЗуҳа ка ъарЗи-с-самаи ва-л-арЗ. Уъиддат лил лазӣна оману биллаҳи ва русулиҳ. залика фаЗлуллоҳи юътӣҳи ма-н яшаъ. Валлоҳу зу-л-фаЗли-л-ъазӣм. 21.

21. Ба сӯи омурзише, ки аз ҷониби Парвардигори шумост ва ба сӯи Биҳиште, ки паҳноии он монанди паҳноии Осмон ва Замин аст, биштобед, онро барои касоне омода карда шудааст, ки ба Аллоҳ ва ба расулони Ӯ имон овардаанд. Ин фазли Аллоҳ аст. Ба ҳар касе, ки бихоҳад, онро медиҳад ва Аллоҳ соҳиби фазли бузург аст.

Барои омурзиши гуноҳон ва ба даст овардани Ҷаннати паҳновар ба сӯи Парвардигори худ дар шитобидан пешдастӣ намоед. Дунёи шумо танҳо барои хӯру хобу дилхушиву ҷамъ кардани мол нест. Балки чун зиндагӣ мурдан ҳам, ба тадриҷ меояд, пеш аз марг инсон барои охират бо амалҳои солеҳ омада бошад, то ба василаи онҳо омурзида шавад ва Биҳиштро ёбад. Ҳар кӣ ақлу хирад дорад, дар кори хайр ба таъхир роҳ намедиҳад. Аллоҳ таъоло паҳнои Биҳиштро баробари Замину осмонҳо офарид. Дарозии он танҳо маълуми Аллоҳ таъолост. Чунин Ҷаннат барои онҳое, ки ба Аллоҳу расулони Ӯ имон овардаанд, омода карда шудааст. Ин ваъдаи илоҳӣ ҳақ аст. Он Биҳишт алъон вуҷуд дорад, зеро дар оят омада, ки «омода карда шудааст». Агар мавҷуд намебуд, чунин гуфта намешуд. Дар он Биҳишти паҳновар ҳар киро аз бандагони Худ, Аллоҳ таъоло хоҳад, дохил кунад ва аз он бонасиб гардонад. Барои Аллоҳ таъоло ин воҷиб набуда, балки фазли Ӯст. Ӯ таъоло соҳиби фазли бузургу эҳсони бениҳоят хуб аст. Дар ин ки имону амали солеҳ сабаби ҳосил кардани Ҷаннат аст, ягон шакку шубҳа нест, лекин соҳиб шудан ба ин ду барои дохилшавии Ҷаннат бо фазли Аллоҳ таъоло вобастагӣ дорад.

Ояти қаблӣ ночиз будани дунё ва олию боқадр будани охиратро ишора намуд, ояти баъдӣ мардумро ба иҷрои амале ташвиқ медиҳад, ки ризои Аллоҳ дар он бошад ва он сабаби саодатмандии онҳо шавад ва барои иҷрои чунин амалҳо мусобиқаро иҷозат медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳадид «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳадид Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳадид Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)