Тафсири Сураи Хадид Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳадид Ояти 22
مَاۤ اَصَابَ مِنۡ مُّصِيۡبَةٍ فِى الۡاَرۡضِ وَلَا فِىۡۤ اَنۡفُسِكُمۡ اِلَّا فِىۡ كِتٰبٍ مِّنۡ قَبۡلِ اَنۡ نَّبۡـرَاَهَا ؕ اِنَّ ذٰلِكَ عَلَى اللّٰهِ يَسِيۡرٌۚ ٢٢
Ма асаба мим мусӣбатин фи-л-арЗи ва ла фи анфусикум илла фӣ китаби-м мин қабли ан-н-набрааҳа. Инна залика ъалаллоҳи ясӣр. 22.
22. Намерасад ҳеҷ мусибате дар Замин ва на дар нафсҳои шумо, магар ин ки дар Китоб (Лавҳу-л-маҳфуз), пеш аз он ки он (Замин)-ро биёфаринем, навишта шудааст. Албатта, ин бар Аллоҳ осон аст.
Ояти мазкур таъкид месозад, ки ҳар чи аз сӯи Аллоҳ таъоло ба мо мерасад, аз қабили мусибат, беморӣ, фақирӣ, ғурбат, мавт, зилзила, обхезӣ, тӯфон, офати зироат, кам гаштани ҳосил ва ғайра ҳама бо илми Ӯ таъоло дар Лавҳулмаҳфуз фаслу ҷудо, ба қазову қадар сабт гардидааст. Ҳар чизе дар лавҳул маҳфуз навишта шудааст, дар дунё баъди амри Ӯ таъоло ба вуқӯъ меояд ва заррае кам ё зиёд намегардад. Илми Аллоҳ таъоло зотист, онро ба кадом ранҷ ё заҳмате ҳосил накардааст, то ки он фаромӯш шавад. Бинобар ин, барои Аллоҳ таъоло пеш аз вуқӯи ҳодисот дарҷ кардани онҳо дар Лавҳулмаҳфуз ва баъдан амр кардан ба вуқӯъи он ҳеҷ мушкилие надорад, балки осон аст. «Набраа» ба маънои халқ кардан (офаридан), эҷод намудан ва «қабла ан набраа» ба маънои «пеш аз халқу эҷод» омадааст. Ояти зер давоми ояти қаблӣ буда, эзоҳро идома медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳадид «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «