Сураи Ҳадид Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хадид Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳадид Ояти 20

اِعۡلَمُوۡۤا اَنَّمَا الۡحَيٰوةُ الدُّنۡيَا لَعِبٌ وَّلَهۡوٌ وَّزِيۡنَةٌ وَّتَفَاخُرٌۢ بَيۡنَكُمۡ وَتَكَاثُرٌ فِى الۡاَمۡوَالِ وَالۡاَوۡلَادِ‌ؕ كَمَثَلِ غَيۡثٍ اَعۡجَبَ الۡكُفَّارَ نَبَاتُهٗ ثُمَّ يَهِيۡجُ فَتَرٰٮهُ مُصۡفَرًّا ثُمَّ يَكُوۡنُ حُطٰمًا‌ؕ وَفِى الۡاٰخِرَةِ عَذَابٌ شَدِيۡدٌ ۙ وَّمَغۡفِرَةٌ مِّنَ اللّٰهِ وَرِضۡوَانٌ‌ؕ وَمَا الۡحَيٰوةُ الدُّنۡيَاۤ اِلَّا مَتَاعُ الۡغُرُوۡرِ ٢٠

Иъламу аннама-л-ҳайату-д-дунйа лаъибу-в ва лаҳву-в ва зӣнату-в ва тафахурун байнакум ва такасурун фи-л-амвали ва-л-авлад. Ка масали ғайсин аъҷаба-л-куффара набатуҳу сумма яҳӣҷу фа тароҳу мусфарран сумма якуну ҳутома. Ва фи-л ахирати ъазабун шадӣду-в ва мағфиратум миналлоҳи ва риЗван. Ва ма-л-ҳайату-д-дунйа илла матаъу-л-ғурур. 20.

20. Бидонед, ки зиндагонии дунё бозӣ ва тамошо ва ороиш ва байни ҳамдигаратон худситоӣ ва дар молҳо ва авлод зиёдталбист. Монанди боронест, ки сабзишу нашъунамои рустании он кофирон (зироъаткорон)-ро ба шигифт оварад ва (дар охир мебинӣ, ки) баъди чанд рӯз он рустанӣ хушк шавад ва боз бубинӣ, ки зарду дарҳам шикаста гардад. Ва дар охират азоби сахт аст ва аз ҷониби Аллоҳ мағфирату омурзиш ва хушнудӣ низ ҳаст. Ва нест зиндагонии дунё, магар матоъи фиреб.

Худованд мефармояд, ки ай мардум, бидонед, ки зисту зиндагонии дунё муваққатӣ буда, он чизи эътимодонок нест. Балки вай ба бозии кӯдакон монанд аст, ки саргарми бозӣ шуда, худро машаққат медиҳанд, вале дар охир ҳеҷ натиҷае нест. Муҳаббати ӯ шуморо аз кори охират боз дошта, машғули худ мегардонад. Ӯ як зинату ороише ҳаст, ки ҷоҳилон бо моли бебақои он худро зинат медиҳанд ва бо либосҳои фохира, кӯшкҳои бодабдаба ва маркабҳои боҳашамат ва бо молу авлоду мансаб пеши якдигар фахр мекунанд. Ин дунё ба он монанд аст, ки бо боридани борон зироат қад афрохта, тараққӣ меёбад ва соҳибони худро дар тааҷҷуб меоварад. Вале бо гузаштани муддати на он қадар дур мебинӣ, ки зироат зарду хазон гашта, аз ҳам мерезад ва мавриди поймол қарор мегирад. Билохира, бод онро бардошта, ба ҳар сӯ мебарад, ки аз он чизе ё нишонае боқӣ намемонад. Хулоса, дороии дунё низ, ҳамин гуна аст ва он як матоъи фиребанда аст. Инсон ба он фирефта гашта, аз тоати Аллоҳ ва пайравии Расули Ӯ (с) бозмемонад ва умри кӯтоҳи худро беҳуда зоеъ месозад. Аммо дар охират, барои фоҷирону бадкорон азоби сахт пешбинӣ ва барои накӯкорон мағфирату ризои Аллоҳ муқаррар шудааст.

Хулоса, ин дунё як матои ғуруру фиребандаи тездуршаванда буда, ғофилон ба он мағрур, ҷоҳилон ба он масруру машғул буда, сабаби тарки талаби охирати онҳо мегардад. Мақсад аз ин гуфтаҳо на ин аст, ки инсон тарки дунё намояд, ҳаргиз чунин нест, балки як даъватест, то ин ки инсон худро қурбони шуғли дунё масозад, кори дунёро аз охират муқаддам надонад ва амали худро бо тарозуи адли Аллоҳ таъоло андоза намояд, зеро ҳар амале, ки аз ҳадду адли Аллоҳ таъоло берун аст, душмани ҷонию амалкунанда бошад.

Ибни Аббос (р) фармудаанд: «Агар инсон молро аз он ҷое, ки Аллоҳ дар он розӣ нест, пайдо кунад, худро ба воситаи он назди мардум доно ҳисобад, ё молро дар он ҷое сарф кунад, ки Аллоҳ розӣ нест, сабаби зулумоти (торикии) рӯзи қиёматаш шавад. Агар дар вақти ҳосил кардани мол инсон аз кори охират боз монад, ин мол матоъи ғурур бошад. Аммо ҳосил намудани аз роҳи ҳалол ва сарфи он барои ободии охират бошад, василаи хуб аст».


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳадид «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳадид Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳадид Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)