Тафсири Сураи Хадид Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳадид Ояти 23
لِّـكَيۡلَا تَاۡسَوۡا عَلٰى مَا فَاتَكُمۡ وَلَا تَفۡرَحُوۡا بِمَاۤ اٰتٰٮكُمۡؕ وَاللّٰهُ لَا يُحِبُّ كُلَّ مُخۡتَالٍ فَخُوۡرِۙ ٢٣
Ли кайла таъсав ъала ма фатакум ва ла тафраҳу би ма атакум. Валлоҳу ла юҳиббу кулла мухталин фахур. 23.
23. (Ин (тақдир)-ро ба шумо хабар додем) То ки бар он чӣ аз дасти шумо рафт, андӯҳ нахӯред ва ба он чӣ шуморо додааст, шодмон нашавед ва Аллоҳ ҳар мутакаббиру фахркунандаро дӯст намедорад.
Ӯ таъоло ба мо хабар медиҳад, ки ашё ва рӯйдодҳо аз рӯйи қазову қадари муқарраршуда ва қаблан китобат гардида, ба вуқӯъ меоянд. Инро донистан лозим аст, то ба фавту аз даст рафтани неъмати дунё осудахотир нагардем, зеро тақдир чунин будааст, ҳамчунин ба соҳиб гаштан ба неъматҳои бисёр шодӣ ҳам накунем. Яъне соддатар гӯем, аз соҳиб нагаштан ба неъмат, ё аз даст додани он он қадар маъюсу навмед нашавем, ки тамом дигар Аллоҳ таъоло онро ба мо намедиҳад, ё аз дарёфти он беҳад хурсанд нашавем, ки худро аз шодӣ гум кунем.
Хулоса, дар ҳар ду ҳолат сабру тоқат ва шукру тафвиқро ба ҷо биёрем ва ҳамаи инро аз Аллоҳ таъоло дархост бинамоем.
Ҳазрати Умар (р) гуфтанд, ки ҳар мусибате бар сарм меояд, ман дар он се неъматро мебинам: якум ин ки дар динам набошад, ҳар чӣ бошад, бошад, дуюм ин қадар мусибат ҳам, неъмат аст. Агар аз ин зиёду бузург шавад, чӣ коре карда метавонам ва севум Ӯ таъоло бадали мусибатам ба ман савоби азиму аҷри кабир ваъда додааст.
Давоми оят мефармояд, ки Аллоҳ таъоло инсонҳои аз молу неъмат бархӯрдорро ва бо онҳо мутакаббиру фахркунандаро дӯст намедорад. Онҳо ба ҷои фахр ва кибр бояд шукргузори Худованд бошанд.
Дар ояти зер Ӯ таъоло бахилону ҳасудонро мазаммат намуда, мефармояд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳадид «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «