Сураи Ҳадид Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хадид Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳадид Ояти 3

هُوَ الۡاَوَّلُ وَالۡاٰخِرُ وَالظَّاهِرُ وَالۡبَاطِنُ‌ۚ وَهُوَ بِكُلِّ شَىۡءٍ عَلِيۡمٌ ٣

Ҳува-л-Аввалу ва-л-Ахиру ва-з-Заҳиру ва-л- Батину ва Ҳува би кулли шай-ин Ъалӣм. 3.

3. Ӯст пеш аз ҳама, пас аз (фанои) ҳама ва Ӯст зоҳир ва Ӯст пинҳон ва Ӯ ба ҳар чиз доност.

Дар ин оят 5 исму сифати Аллоҳ таъоло зикр мешавад:

1) «Аввал» яъне дар аввал ҷамиъи мавҷудоти олам дар нестӣ буданд, аммо Ӯ таъоло вуҷуд дошт. Ё «аввал» ба маънои он мегӯем, ки барои вуҷуди Аллоҳ таъоло «бидоят, ё ибтидо» нисбат додан нашояд, зеро ибтидо бар Аллоҳ таъоло нагузаштааст;

2) «Охир» далолат ба бақои Аллоҳ таъоло дорад. Яъне Ӯ таъолоро охиру тамомшавӣ нест, тамоми мавҷудот мавҳ мегардад, аммо Аллоҳ таъоло боқӣ мемонад;

3) «Зоҳир» яъне Ӯ таъоло дар ҳама чиз бо далелу бурҳон зоҳир аст.

4) «Ботин» (пинҳон) яъне Ӯ таъоло аз ҳамаи чизҳо пинҳон аст. Аммо вуҷудаш бо далоилу бурҳонҳо дар ақлҳо зоҳир аст ва (ботин) аз он аст, ки чашм он Зотро дар ин дунё дида наметавонад. Ақлҳо барои то охир шинохтани он Зот оҷиз мешаванд;

5) «Олим» яъне Ӯ таъоло ба ҳар чиз доно аст, ҳатто хурдтарин зарраҳои олам, чи дар осмон ва чи дар Замин, аз Ӯ таъоло ғоиб нест. Баъди баён кардани бузургии Парвардигор боз ҳақиқати дигар тафсилотро ояти зер баён месозад.

Барги дарахтони сабз дар назари ҳушёр,

Ҳар варақаш дафтарест маърифати Кирдукор. (Саъдӣ)


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳадид «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳадид Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳадид Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)