Сураи Ҳадид Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хадид Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳадид Ояти 4

هُوَ الَّذِىۡ خَلَقَ السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضَ فِىۡ سِتَّةِ اَيَّامٍ ثُمَّ اسۡتَوٰى عَلَى الۡعَرۡشِ‌ؕ يَعۡلَمُ مَا يَلِجُ فِى الۡاَرۡضِ وَمَا يَخۡرُجُ مِنۡهَا وَمَا يَنۡزِلُ مِنَ السَّمَآءِ وَمَا يَعۡرُجُ فِيۡهَاؕ وَهُوَ مَعَكُمۡ اَيۡنَ مَا كُنۡتُمۡ‌ؕ وَاللّٰهُ بِمَا تَعۡمَلُوۡنَ بَصِيۡرٌ ٤

Ҳува-л-лазӣ халақа-с-самавати ва-л-арЗа фӣ ситтати аййамин суммастава ъала-л-ъарш. Яъламу ма ялиҷу фи-л-арЗи ва ма яхруҷу минҳа ва ма янзилу мина-с-самаи ва ма яъруҷу фӣҳа. Ва Ҳува маъакум айна ма кунтум. Валлоҳу би ма таъмалуна басӣр. 4.

4. Ӯст Он Зоте, ки осмонҳо ва Заминро дар шаш рӯз биёфарид, баъд аз он бар Арш истиво ёфт, он чиро, ки дар Замин медарояд ва он чӣ аз он мебарояд ва он чӣ аз Осмон фуруд меояд ва он чӣ дар он боло меравад, медонад. Ва Ӯ бо шумост ҳарҷо, ки бошед ва Аллоҳ ба он чӣ мекунед, биност.

Аллоҳ таъоло чунин Зотест, ки дунёро дар шаш рӯзе аз рӯзҳои дунё, аввалаш якшанбе ва охираш ҷумъа буд, халқ намуд. Ҳол он ки Ӯ таъоло қодир буд дунёро дар як мижа задан халқ кунад. Баъд аз он бар Арш қарор ёфт. Баъзе муфассирон гуфтаанд, ки он рӯзҳоеро, ки Аллоҳ таъоло дунёро халқ намуд, ба ҷуз худи Ӯ таъоло касе намедонад. Насоро бошанд, мегӯянд, ки Аллоҳ дунёро душанбе, сешанбе ва ғайра офарид ва чун монда шуд, рӯзи якшанбе истироҳат намуд. Дар Ислом чунин суханҳо мутлақо ҷоиз нест. Монанди ин ба ҳастии Арш низ, имон меорем, аммо ҳақиқати ӯро намедонем. Ҳақиқати Арши Парвардигорро фақат худаш медонад. Мо ба зоҳири ин маъно имон меорем ва чигунагии онро ҷустуҷӯй намекунем. Ҳаминро бояд донист, ки қарор гирифтани Ӯ таъоло мисли қарор гирифтани мо бандагон нест.

Ӯ таъоло тамоми ҳаракати махлуқоти хешро бо тамоми ҷузъиёташ медонад. Ҳар лаҳзаву ҳар соату рӯз дар Замин чӣ фурӯ меравад (мисли барфу борон, амвот…), аз Замин чӣ боло меояд (монанди маъданҳо, наботот…), он чӣ аз осмон мефарояд (мисли фариштаҳо…), ҳар чизе аз Замин боло меравад (чун амалҳои солеҳ…) Аллоҳ таъоло ҳамаро бо илми зоҳирӣ ва ботинии хеш медонад. Ба ҷуз Ӯ касе ба донистани ҳамаи инҳо қодир нест. Ӯ чунон Зотест, ки ҳар ҷо, ки шумо бошед, хоҳ дар бар ва хоҳ дар баҳр бо ҳамроҳии шумо ҳозиру нозир аст ва илми Ӯ таъоло шуморо иҳотакунанда аст. Усулан ҳамроҳ будани Аллоҳ таъоло бо бандагони Худ чунон дақиқ аст, ки ҳар инсони мутафаккир ва муъмин ба миқдори андеша ва имони худ онро пай мебарад ва аз ҳақиқати он бохабар мегардад.

Дар давоми ояти мазкур омада, ки Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло ҳамаи корҳои бандагони Худро донову бинанда буда, ҳамеша муроқиби ҳоли онҳост. Оре! Мо ба ин имон дорем ва тасдиқ мекунем, ки Аллоҳ таъоло чунин Зотест, ки ҳамеша муроқиби ҳоли мост.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳадид «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳадид Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳадид Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)