Тафсири Сураи Хадид Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳадид Ояти 2
لَهٗ مُلۡكُ السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِۚ يُحۡىٖ وَيُمِيۡتُۚ وَهُوَ عَلٰى كُلِّ شَىۡءٍ قَدِيۡرٌ ٢
Лаҳу мулку-с-самавати ва-л арЗ. Юҳйӣ ва юмӣт. Ва Ҳува ъала кулли шай-ин Қадӣр. 2.
2. Подшоҳии осмонҳо ва Замин аз они Ӯст. Зинда мегардонад ва мемиронад ва Ӯ ба ҳар чиз тавоност.
Яъне тасарруфи осмонҳо ва Замин ва офаридани онҳо инчунин зинда гардонидану миронидан дар қудрати Ӯст. Миронидани зиндаҳо дар дунё ва зинда гардонидани онҳо дар рӯзи қиёмат ҳам, дар тасарруфи Ӯст. Аллоҳ таъоло касеро, ки хоҳад, ҳаёт мебахшад ва касеро, ки хоҳад, аз ҳаёт маҳрумаш мегардонад. Ӯ таъоло бар ҳама чиз қодир аст ва ҳеҷ чиз Ӯро оҷиз намегардонад. Асли мафҳуми зиндагӣ (ҳаёт), ҷон, рӯҳ маълум аст, аммо вуҷуду шакли онҳоро ҳеҷ кас қодир нест бигӯяд, ки чунину чунон аст. Масалан, пурсида шавад: Масдари ҳаёт чист ва аз куҷо меояд? Касе ҷавоб дода наметавонад. Ҷавоби Қуръонӣ ин аст, ки ҳаётро Аллоҳ таъоло медиҳад, зиндакунандаву миронанда фақат Ӯ таъолост ва ҳеҷ кас инро инкор карда наметавонад. Ба ин монанд ҳақиқати маргро ҳам, ба ҷуз Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло касе надонистааст. Аллоҳ таъоло ба ҳама кор қодир аст ва қодирии Ӯро ниҳоят ва андоза нест.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳадид «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «