Сураи Ҳаҷ Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хач Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳаҷ Ояти 10

ذَٰلِكَ بِمَا قَدَّمَتْ يَدَاكَ وَأَنَّ اللَّهَ لَيْسَ بِظَلَّامٍ لِلْعَبِيدِ ١٠

Залика би ма қаддамат ядака ва анналлоҳа лайса би заллами-л лил ъабӣд. 10.

10. Гӯем: «Ин ҷазои он аъмолест, ки онро ду дасти ту пеш фиристод ва ба сабаби он аст, ки Худо бар бандагони Худ ситамкунанда нест».

Ҳангоми ҷазо додан ба онҳо гуфта мешавад, ки ин азобе, ки маззаи онро имрӯз чашида истодаед, ба сабаби куфр, саркашӣ ва гумроҳие, ки доштеду онро барои чунин рӯз тақдим намудед, насибатон шуда аст. Мехоҳед ё не, таъми адолати Парвардигорро мечашед, зеро Худованд Одилу додгар аст ва ба ҳеҷ бандаи Худ зулмро раво намебинад. Барои маълумоти бештар ба ояти 172-уми сураи «Оли Имрон» муроҷиъат шавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳаҷ Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳаҷ Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)