Тафсири Сураи Хач Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳаҷ Ояти 11
وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يَعْبُدُ اللَّهَ عَلَىٰ حَرْفٍ ۖ فَإِنْ أَصَابَهُ خَيْرٌ اطْمَأَنَّ بِهِ ۖ وَإِنْ أَصَابَتْهُ فِتْنَةٌ انْقَلَبَ عَلَىٰ وَجْهِهِ خَسِرَ الدُّنْيَا وَالْآخِرَةَ ۚ ذَٰلِكَ هُوَ الْخُسْرَانُ الْمُبِينُ ١١
Ва мина-н-нвси ма-н яъбудуллоҳа ъала ҳарф. Фа ин асобаҳу хайрун-итмаанна биҳ. Ва ин асобатҳу фитнатун инқалаба ъала ваҷҳиҳӣ хасира-д-дунйа ва-л-ахираҳ. залика ҳува-л-хусрону-л-мубӣн. 11.
11. Ва аз мардум касе ҳаст, ки Худоро бар канора(-и дин истода) ибодат кунад, пас, агар ӯро неъмате бирасад, ба ибодати худ ором мегирад ва агар ба ӯ балое бирасад, ба рӯи худ баргардад, дунё ва охираташро мебозад, ки ин зиёни ошкор аст.
Дар ояти мазкур Худованд сифати гурӯҳе аз мардумро, ки бо имон ва яқини комил Худоро парастиш намекунанд, балки имонашон заъиф буда, бо дудилагӣ Ӯ таъолоро мепарастанд, баён карда гуфтааст, ки баъзе аз мардум динро маҳз бо ғарази пешрафти дунёашон ихтиёр мекунанд ва фурсати муносибро дар интизоранд.
Агар хайри дунявӣ (фаровонӣ, офият, сарват, фарзанд ва…) насибашон шавад, дар дин собит монда, ба ибодат машғул мешаванд. Агар ба бало ва нохушие (дар оиладорӣ, мол ва ҷонашон ва…) бирасанд, аз дини Худо рӯй гардонда, (муртад мешаванду ба куфр боз мегарданд), дунё ва охирати худро барбод медиҳанд. Ин аст зиён ва зарари ошкоро барои шахсоне, ки дунё ва охирати худро бохтаанд.
Сабаби нозилшавии ин оятро Имом Бухорӣ аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) чунин ривоят кардааст: “Вақто Расули Худо (с) ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат намуда иқомат гирифтанд, баъзе аз мардум рӯяки омада, бо забон мусулмон мешуданд. Агар дар мол ва авлоди онҳо пешравӣ мешуд, мегуфтанд: «Ин дини неке будааст». Агар баръакс мешуд, мегуфтанд: «Ин хело динӣ баде будааст». Бо ин тартиб дунё ва охирати худро мебохтанд ва барбод медоданд.” Барои маълумоти бештар ба тафсири Имом Фахри Розӣ, ҷилди 23, саҳифаи 13 тафсири Қуртубӣ, ҷилди 6-ум ба эзоҳи ояти мазкур муроҷиъат шавад. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «