Тафсири Сураи Хач Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳаҷ Ояти 12
يَدْعُو مِنْ دُونِ اللَّهِ مَا لَا يَضُرُّهُ وَمَا لَا يَنْفَعُهُ ۚ ذَٰلِكَ هُوَ الضَّلَالُ الْبَعِيدُ ١٢
Ядъу мин дуниллаҳи ма ла яЗурруҳу ва ма ла янфаъуҳ. залика ҳува-З Залалу-л-баъӣд. 12.
12. Ба ниёиш ба ҷуз Худо чизеро мехонад, ки на зиён расонад ӯро ва на ӯро суде диҳад, ин ҳамон гумроҳии дур аст.
Ояти мазкур рафтор ва ақидаи ширколуди инсони гумроҳро шарҳ дода хабар додааст, ки инсоне, ки рӯ ба куфр ораду бутҳо (чизҳо)-и аз санг, чӯб (в.ғ.) сохташударо парастаду назди онҳо муноҷот кунад ва эҳтиёҷи худро аз онҳо талаб кунад, бояд бидонад, ки он бутҳо ба ӯ ҳеҷ нафъе расонида наметавонад ва агар парастиши онҳоро тарк кунад, ба ӯ ҳеҷ зиёне намерасонанд. Ҳолати инсони бутпараст ба ҳолати инсони гумроҳ монанд буда, аз хати сироталмустақим (ҳидоят) бисёр дур гашта аст. Ояти зер ин мавзӯро идома медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «